С.Наришкин: «Байни Тоҷикистону Русия ягон монеа вуҷуд надорад»
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Тоҷикистон Русияро дар арсаи ҷаҳон муҳимтарин шарики стратегии худ медонад ва барои тавсеаи равобити ҳасана бо ин кишвари абарқудрати дунё дар тамоми соҳаҳо манфиатдор аст”. Ин матлабро 7 октябр Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон дар мулоқот бо ҳамтои русаш- Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия иброз дошт.
Муҳимтарин мавзӯоти мулоқоти раисони парлумонҳои Тоҷикистону Русия баланд бардоштани сатҳи муносиботи Душанбеву Маскав дар арсаҳои мухталиф, бахусус равобити байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ маҳсуб меёфт.
Ш.Зуҳуров аз дастгирӣ ва пуштибонии Русия аз мавқеи кишвари мо дар миқёси байналмилалӣ изҳори қадрдонӣ намуд.
Мусоҳибон ҳамзамон ба масоили таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, маориф, муҳоҷират, туризм, варзиш ва муборизаи муштарак алайҳи падидаҳои номатлуб дахл намуда, нисбат ба онҳо табодули назар намуданд. Зикр шуд, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи Русия 230 санади меъёрию ҳуқуқӣ, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ин росто таъкид гардид, ки парлумонҳои ҳар ду кишвар барои ба роҳ мондани фаъолият дар бахшҳои мазкур заминаҳои ҳуқуқӣ эҷод мекунанд.
Сергей Наришкин -раиси Думаи давлатии Русия ба сатҳи ҳамкории кишвараш бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф баҳои баланд дода, ба тақвияти ҳарчи бештари ин муносибот таъкид кард. Наришкин гуфт: «Байни Русия ва Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус равобити байнипарлумонӣ ягон монеа вуҷуд надорад ва мо бояд аз имкониятҳои мавҷуда ба таври кофӣ ва ба манфиати халқу миллати ҳар ду кишвар самаранок истифода намоем».
Мавсуф изҳор намуд, ки Думаи давлатии Русия хостори ҳамкории ҳасана бо Парлумони Тоҷикистон аст ва сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин — Президенти Русия ба Тоҷикистон ба густариши минбаъдаи робитаҳои судманди ду кишвари дӯст дар тамоми заминаҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Мунтазам сурат гирифтани робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ омили муҳими рушди бонизоми муносиботи судманди стратегӣ ба шумор меравад, таъкид кард раиси Думаи давлатии Русия.
Мусоҳибон дар мулоқот ҳамзамон доир ба дигар паҳлуҳои равобити ҳасанаи Душанбеву Маскав табодули назар намуда, авзои минтақа, бахусус вазъи Афғонистонро матраҳ сохтанд.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






