САҲА дар ҳалли мушкилоти минтақавӣ мусоидат хоҳад кард
Душанбе, 16 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми намоёнро ишғол менамояд», гуфт Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон зимни мулоқоташ бо Леонид Кожара — вазири корҳои хориҷии Украина, ки ҳамзамон раиси амалкунандаи САҲА аст. Мусоҳибон дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Украина, густариши муносиботи Душанбеву Киев дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, саноат, сохтмон, варзишу туризм, башардӯстона ва фарҳангро баррасӣ намуданд.Шукурҷон Зуҳуров ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо САҲА баҳои баланд дода, гуфт, ки сафари ҳайати баландпояи ниҳодҳои мухталифи САҲА ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкорӣ ва шиносоӣ бо вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ, раванди татбиқи ислоҳоти демократӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мусоидат менамояд. Иштироки Тоҷикистон дар чорабиниҳои ин Созмони бонуфузи байналмиллалӣ, хусусан фаъолияти намояндагии доимии кишвари мо дар САҲА, ба рушди ҳамкориҳои бисёрсоҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои узви САҲА ва ҳам бо ниҳодҳои гуногуни он заминаи мусоид фароҳам меорад. Ш. Зуҳуров таъкид кард, ки таҷрибаи солҳои охири ҳамкории кишвари мо бо САҲА шаҳодати он аст, ки ин созмони муътабар тавонист симои мусбати Тоҷикистонро дар Аврупо ва созмонҳои байналмилалии аврупоӣ нишон диҳад. Мусоҳибон ҳамзамон доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар бахши кӯмаки машваратӣ оид ба беҳсозии қонунгузории миллӣ, таҳияи қонунҳои нав дар бораи аҳзоби сиёсӣ, интихобот ва васоити ахбори омма табодули назар карданд. «Тоҷикистон умедвор аст, ки дар оянда фаъолияти САҲА дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва муҳити зист ба таври назаррас хоҳад монд»,- таъкид кард раиси Парлумони Тоҷикистон. Мавсуф зикр кард, ки ҷонибдории иқдомоти Тоҷикистон аз сӯи дафтари САҲА барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ дар бахши нақлиёт ва интиқоли одамон, молҳо ва хидматрасонӣ тавассути марз хеле муҳим аст. Иштироки САҲА дар ҳалли мушкилоти мазкур ва дар рушди ҳамкории илмӣ-техникӣ, робитаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ-энергетикӣ барои эҷоди демократияи устувор хидмат хоҳад кард. Леонид Кожара -сардори идораи сиёсати хориҷии Украина аз сатҳи ҳамкории САҲА бо Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки САҲА омода аст, ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон дар оянда густариш диҳад. Мавсуф таъкид кард, ки таҳкими муносиботи байнипарлумонии Украина ва Тоҷикистон ба манфиати ҳарду ҷониб буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ заминаи боэътимод эҷод мекунад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






