Сарвари давлат аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд
Душанбе, 4 октябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 12 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Федеролии Олмон Холгер Грен, Федератсияи Русия Игор Лякин-Фролов, Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳандӣ, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Наваф Халиф Ал-Сарайреҳ, Шоҳигарии Белгия Мишел Петерманс, Ҷумҳурии Чехия Гинек Пейха, Ҷумҳурии Финляндия Никлас Линдквист, Конфедератсияи Швейтсария Мауро Райна, Япония Такаюки Коикэ, Шоҳигарии Тайланд Чарн Ҷулламон, Ҷумҳурии Филиппин Доминго Лусенарио ва Муғулистон Жагирин Сухээ эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба ин мақом табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки барои таҳким ва рушду густариши муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон саҳми намоён мегузоранд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






