Ш. Зуҳуров хостори тавсеаи ҳамкории парлумонӣ бо Ҷопон шуд

Октябрь 5, 2013 11:41

Душанбе, 5 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Сатҳи ҳамкориҳои ҳасанаи гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Ҷопон, равобити байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои мухталифи байналмилалӣ дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон ва Такаюки Коике -сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон қарор доштанд. Шукурҷон Зуҳуров доир ба фаъолияти палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба дипломати ҷопонӣ маълумот дода, нақши палатаи касбии Парлумони ҷумҳуриро дар рушди соҳахои мухталифи кишвар муҳим арзёбӣ кард. Ҳамзамон бо дахли муносиботи байнипарлумонӣ Ш. Зуҳуров гуфт, ки Парлумони Ҷопон бо такя ба пешрафту таҷрибае, ки дар бахши таҳия, қабул ва тасвиби қонун ва дигар санадҳои байналмилалӣ дорад, метавонад ба таҳкими равобити парлумонии ду кишвар саҳми муносиб гузорад. Имрӯз, муносибатҳои парлумонии байни ҳар ду кишвар моро қонеъкунонида наметавонад, бо вуҷуде, оне ки дар Парлумонҳои ҳар ду кишвар гурӯҳҳои дӯстии парлумонии Тоҷикистону Ҷопон таъсис дода шудаанд, таъкид кард раиси Парлумони Тоҷикистон. Дар ин замина ҷонибҳоро лозим аст, ки ҷиҳати рушди дурнамои равобити парлумонӣ заминаи мусоидеро фароҳам оваранд. Инчунин, зимни баррасии масоили тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ Ш. Зуҳуров гуфт, ки имрӯз вақти он расидааст, ки мо ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиро байни кишварҳо густариш диҳем. Бо истифода аз имконоти мавҷуда ҷониби Ҷопон бо мо дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ҳамкории хубе дошта бошад. Иқлими Тоҷикистон барои рушди боғпарварӣ шароити мусоид дорад. Аз ин рӯ тоҷирони ҷопонӣ имкон доранд, бо сохтани корхонаҳои хурди коркарди мева ва содироти меваи тару тоза бо кишвари мо ҳамкорӣ дошта бошанд. Дипломати ҷопонӣ Такаюки Коике доир ба фаъолияти Парлумони кишвараш иттилоъ дода гуфт, ки мақоми олии ҳокимияти давлативу қонунгузори Ҷопон низ аз ду палата иборат аст. Палатаи намояндагон, ки 480 намоянда дошта, ба муддати 4 сол интихоб мешаванд ва палатаи шӯро, ки аз 252 вакил иборат буда, ваколаташон 6 сол муайян шудааст. Дар мулоқот ҳамчунин раванди иҷрои лоиҳаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ баррасӣ ва роҳҳои густариши дурнамои муносиботи мутақобилан судманди ду кишвар муҳокима шуданд.

Октябрь 5, 2013 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ