Шиносоии Президент бо кори гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамӣ
Душанбе, 3 октябр. (АМИТ «Ховар»).Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи Абулфазли Балъамии шаҳри Ваҳдат бо рафти таълиму тарбияи насли наврас бевосита шинос шуд.Тавре аён гардид, ин гимназияи дорои анъанаҳои шуҳратманди шаҳри Ваҳдат соли 2012 бо харҷи 2,7 миллион сомонӣ мавриди навсозӣ қарор гирифта, бинои дуошёнаи он ба сеошёна табдил дода шудааст. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ 300 нафар хонанда бо таълиму тарбияи хушсифат фаро гирифта шудаанд.Гимназия дорои 20 синфхона аст ва 14 тои он синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ мебошанд. Ду синфхона барои ҳунаромӯзии духтарон ва писарон махсус гардонда шудааст.Чунонки иттилоъ доданд, аксари хатмкардагони ин гимназия ба муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар шомил гардида, бо нишондодҳои баланд таҳсили илму маърифат мекунанд.Маҳсули эҷод ва ихтирооти хонандагон ва чанде аз хатмкардагони ин боргоҳи маърифат дар ошёнаи якуми бино ба маъраз гузошта шуда буд, ки мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






