Суханронии Оқил Оқилов дар ҷаласаи махсуси Маҷмаъи умумии СММ
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Рўзҳои 21-29-уми сентябри соли равон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар кори Иҷлосияи 68-уми Маҷмаъи умумии СММ бо сафари корӣ дар шаҳри Ню Йорки ИМА қарор дошт. Дар доираи ин сафар нахуст Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар ҷаласаи махсуси Маҷмаъи умумии СММ таҳти унвони «Пайгирии талошҳо барои ноил гардидан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола» иштирок ва суханронӣ карда, оид ба нақши давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди воқеии расидан ба ин ҳадафҳо ва тадбирҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванда, изҳори назар намуд.Оқил Оқилов таъкид кард, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои то давраи соли 2015»-ум-ро мавриди амал қарор дода, барои расидан ба ҳадафҳои рушд таввасути имконоту иқтидори дохилии худ талош менамоянд .Бо ин мақсад дар мамлакат фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, баҳри татбиқи сиёсати мутавозини буҷет ва таъмини шуғли аҳолӣ кўшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад.Бо даъват аз иштирокчиёни ин ҷаласа Оқил Оқилов оид ба оқибатҳои таъсири буҳрони ҷаҳонии озўқаворӣ, энергетикӣ, иқтисодию молиявӣ ба раванди ноил шудан ба рушди устувор ҳарф зада изҳор дошт,ки барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо мебояд талошҳои зиёд ба харҷ дод. Нимаи дуюми рўзи 25-уми сентябр Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо намояндагӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари баланди СММ дар ҳузури иштирокчиёни Иҷлосияи 68-уми МУ СММ суханронӣ кард. Зимни суханронии худ Сарвазири мамлакат таъкид кард, ки бо ташабус ва талошҳои ҷониби Тоҷикистон ва ҷонибдории Маҷмаъи умумии СММ эълон гардидани соли 2013-соли ҳамкориҳои байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об ва дар сатҳи баланд бахшида ба ҳамин сол дар шаҳри Душанбе баргузор намудани конфронси байналилалӣ таваҷҷуҳи сайёраро бори дигар ба масоили об ва захираҳои обӣ ҷалб намуда, имконият фароҳам овард, то дар роҳи истифодаи оқилонаю самаранок ва ҳифзи захираҳои обӣ аз тариқи муколамаҳои воқеӣ амал намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори амалисозии ҳадафҳои рушди устувор дар бахши захираҳои обӣ мебошад,- таъкид кард Сарвазири мамлакат ва афзуд , ки дар ин самт бояд омилҳои зиёде, аз ҷумла таъмини дастрасии пурра ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдоштӣ, сиёсати дурусти миллию минтақавии идораи захираҳои обӣ, маблағгузорию сармоягузории соҳа, истифода аз таҷҳизоти сарфакунандаи об ва таъсиси механизми муштараки ҷамъоварӣ ва мубодилаи иттилоот дар ин соҳа ба инобат гирифта шавад. Барои мусоидат ва ҷонибдории ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳияи рўзномаи байналмилалии об барои давраи баъди соли 2015 ва андешидани чораҳои иловагӣ дар роҳи дастрасии пурра ва рушди бештари энергетика Оқил Оқилов аз иштирокчиёни иҷлосия даъват ба амал овард. Суханронии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ҳамзамон фарогири масъалаҳои умдаи башарӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва терроризму ифротгароӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва саҳмгузории бештар дар рушди босуботи Афғонистон буд. Дар ҳошияи Иҷлосияи 68-уми МУ СММ дар шаҳри Ню Йорк Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот кард. Зимни мулоқот масоили марбут ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории Давлати Қатар дар Тоҷикистон, аз ҷумла бунёди масҷиди ҷомеъ ва маҷмааи истиқоматии «Диёри Душанбе», ҳамзамон таъсиси хазинаи Давлати Қатар барои дастгирии лоиҳаҳои саноатии хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон Оқил Оқилов дар шаҳри Ню Йорк бо ноиби Котиби давлатии ИМА оид ба масоили сиёсӣ хонум Венди Шерман мулоқот кард. Дар қароргоҳи СММ баъдан аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об маҷлиси қабул ва зиёфати расмӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои пурарзиши конфронси сатҳи баланди ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардид, ибрози назар намуд. Дар чорабинии мазкур ҳамзамон сарвазирони як қатор давлатҳои ҷаҳон, муовинони Дабири кулли СММ ва роҳбарони ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ иштирок ва суханронӣ карда, ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат дар роҳи ҳалли мушкилоти марбут ба об ва захираҳои обӣ баҳои сазовор доданд. Дар маҷмуъ барномаи сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба шаҳри Ню Йорк ҳамзамон аз иштирок дар чорабиниҳои сатҳу зинаҳои гуногуни СММ , қабули расмии Президенти ИМА Барак Обама, Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва вохўриҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи дигар иборат буд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






