Таҷҳизоти нав ба маркази бемориҳои сил

Октябрь 26, 2013 10:16

Кӯлоб, 26 октябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Масъулини маркази вилоятии зидди бемориҳои сили минтақаи Кӯлоб ба таъмиру барқарорсозии шуъбаҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, шуруъ карда, то ин муддат қисми зиёди иншоотҳои фарсударо аз таъмир бароварданд. Ба иттилои директори марказ Раҳматулло Ҷумъаев то ин дам дар дохили беморхона як утоқи озмоишӣ барои кӯдакон, ду утоқи истироҳатӣ барои беморон, як нуқтаи шустушӯи либос ва ҷойхоб, ки бо таҷҳизоти замонавӣ таҷҳиз аст, инчунин як майдончаи варзишӣ барои бемороне, ки вазъи саломатиашон беҳтар аст, таъсис дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар айни ҳол дар беморхона беш аз 70 нафар бемор муолиҷа гирифта, бо дорувор ва шароити лозимӣ таъмин мебошанд. Бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва маблағгузории Ҳукумати ҶТ маркази зидди бемории сил бо таҷҳизоти тиббии замонавӣ таъмин гардидааст.

Октябрь 26, 2013 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш