Таҷлили Рӯзи духтарон

Октябрь 11, 2013 11:07

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). -11 октябр бо қарори Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2012  дар тамоми дунё рӯзи байналмилалии  духтарон таҷлил мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 68 давлати дунё  рӯзи мазкурро аз соли 2012 таҷлил менамояд. 
Соли ҷорӣ  чорабинии мазкур таҳти шиори «Ба таҳсил фарогирии духтарон»  доир мегардад. 
Бо мақсади таҷлили сазовори чорабинии мазкур Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ дар ҳамкорӣ бо намояндагони ташкилоти байналмилалии СММ нуфузи аҳолӣ  дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ иқдоми  муштаракро доир намуда истодаанд, ки дар ҷараёни он ба донишҷӯдухтарон маводи ороишӣ, мавод оид ба ҳуқуқи духтарон ба таҳсил ва дигар маводи зарурӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ тақсим  мешавад.
Инчунин дар Муассисаи давлатии «Маркази таълимии Чароғи ҳидоят» — и назди Кумита дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак» барои духтарони ноболиғи гирифтори зӯроварӣ чорабинии фарҳангию фароғати доир карда мешавад.
Дар баробари ин, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз тарафи масъулини шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила ҷиҳати таҷлили сазовори Рӯзи мазкур ва ба таҳсил фаро гирифтани духтарон, бо ҷалби фаъолон ва волидон чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор мешаванд.
 
 
 
 
 

Октябрь 11, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш