Тамдиди будубоши бузургтарин пойгоҳи низомии Русия
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ҳузури пойгоҳи низомии Русия мавсум ба дивизияи 201-уми ин кишвар то соли 2042 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ройгон тамдид карда шуд. Дар робита ба ин имрӯз вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Русия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаласаи якуми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон тасвиб намуданд. Ин санад, ки 18 сентябри соли равон аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод гардид, бо ҷонибдории 57 нафар вакили Парлумони кишвар ба тасвиб расонида шуда, танҳо ду нафар вакил ба муқобили он овоз доданд. Шералӣ Хайруллоев-вазири дифои ҷумҳурӣ зимни тавзеҳи санади мазкур гуфт, ки Созишнома 5 октябри соли 2012 зимни сафари расмии Владимир Путин-Президенти Русия ба Тоҷикистон дар Душанбе ба имзо расидааст. Думаи давлатии Русия Созишномаро 7 майи соли 2013 ба тасвиб расонд. Мақомоти ваколатдори тарафҳо оид ба татбиқи талаботи ин Созшнома вазоратҳои мудофиаи ҳар ду кишвар муайян гардидаанд. Созишнома аз 22 модда иборат буда, ба пойдории сулҳу субот дар минтақа нигаронида шуда, ба манфиати стратегии дарозмуддати ҳар ду давлат хизмат карда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва ба муқобили дигар давлатҳо равона нагардидааст. Мутобиқи моддаи 30-юми Созишномаи мазкур воҳидҳои ҳарбии Русия дар давраи будубошашон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳимоя намуда, якҷоя бо қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо қисмҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҷонибҳои Тоҷикистон ва Русия амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тамоми хатарҳои мавҷуда ва эҳтимолӣ ҳифз менамояд. Моддаи 4-и Созишнома пешбинӣ менамояд, ки дар давраи мунтазам ё якбора тезутундшавии вазъияти ҳарбӣ-сиёсӣ дар минтақа ва хатар бар зидди мустақилият ва соҳибихтиёрӣ, аз ҷумла таҷовуз бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ягон давлат, гуруҳи давлатҳо, ташкилотҳои террористӣ ё гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи сохтори ҳарбии пойгоҳи низомии Русия ва қисмҳои ҳарбии Русия, ки ба ҳайати он шомил намебошанд, дар асоси қарори муштараки Сарфармондеҳони Олии қувваҳои мусаллаҳи ҷонибҳо мутобиқи қонунгузорӣ сурат мегирад. Дивизияи 201-уми Русия пойгоҳи калонтарини низомии ин кишвар ва бузургтарин воҳиди неруҳои хушкигарди Русия дар хориҷа буда, соли 2004 таъсис дода шудааст. Он дар сафи худ 7 ҳазор аскару афсарро, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қурғонтеппа мустақар гардидаанд, нигоҳ медорад. Таърихи таъсиси ин дивизия ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, соли 1943 рабт дошта, аскарону афсарони он дар ҷанги зидди Олмон, набардҳои Шӯравӣ дар хоки Афғонистон (1979-1989) корнамоӣ нишон дода, дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар қаламрави кишвари мо ҳузур доштанд. 13.31.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






