Таъмири майдони машқи шаҳри Кӯлоб
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба наздикӣ дар шаҳри Кӯлоб майдони машқи мошинронии мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳри Кӯлоб баъди таъмиру таҷдид ба истифода дода мешавад. Он ҳанӯз замони Шӯравӣ сохта шуда, солҳои 90-ум бар асари ҳодисаҳои маълум вайрону валангор гардида буд. Чанде пеш корҳои таъмирию барқароркунӣ дар ин машқгоҳ шуруъ шуда, он ба меъёрҳои таълимию техникии омодасозии мутахассисон барои қувваҳои мусаллаҳ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутобиқ карда мешавад. Дар корҳои ободонии ин машқгоҳ созмонҳои мудофиавии шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара, Фархор, Кӯлобу Восеъ саҳмгузорӣ мекунанд. Пас аз таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтан ин машқгоҳ пурра ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ гардида, дар минтақаи Кӯлоб ягона хоҳад буд. Инчунин ТҶММ тасмим гирифтааст майдони машқи мошинронии шаҳри Қӯрғонтеппаро низ мавриди пайгиру таъмир қарор диҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии ТҶММ хабар доданд.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






