Таъмири майдони машқи шаҳри Кӯлоб

Октябрь 8, 2013 10:39

Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Ба наздикӣ дар шаҳри Кӯлоб майдони машқи мошинронии мактаби муттаҳидаи техникии Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиаи шаҳри Кӯлоб баъди таъмиру таҷдид ба истифода дода мешавад. Он ҳанӯз замони Шӯравӣ сохта шуда, солҳои 90-ум бар асари ҳодисаҳои маълум вайрону валангор гардида буд. Чанде пеш корҳои таъмирию барқароркунӣ дар ин машқгоҳ шуруъ шуда, он ба меъёрҳои таълимию техникии омодасозии мутахассисон барои қувваҳои мусаллаҳ ва хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутобиқ карда мешавад. Дар корҳои ободонии ин машқгоҳ созмонҳои мудофиавии шаҳру ноҳияҳои Ховалинг, Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Данғара, Фархор, Кӯлобу Восеъ саҳмгузорӣ мекунанд. Пас аз таъмиру таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтан ин машқгоҳ пурра ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯ гардида, дар минтақаи Кӯлоб ягона хоҳад буд.  Инчунин ТҶММ тасмим гирифтааст майдони машқи мошинронии шаҳри Қӯрғонтеппаро низ мавриди пайгиру таъмир қарор диҳад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии ТҶММ хабар доданд.

Октябрь 8, 2013 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид