Тасдиқи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи кишвар
Душанбе, 24 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016»-ум 50 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаҳои қарзиеро, ки дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, дар бар мегирад. Лоиҳаи барномаи мазкурро вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва тасдиқ намуданд. «Мақсади асосии барнома баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои берунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар- ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад», гуфт зимни муаррифии барномаи мазкур Сафаралӣ Наҷмиддинов -вазири молияи Тоҷикистон. Вазири молия афзуд, ки азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯи барномаҳои пешниҳодшуда, то якуми январи соли 2013 -ум 763 миллион $ -ро ташкил медиҳад. Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 554 миллион $ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар соли 2014 -ум 168,2 миллион $, дар соли 2015 -ум 127, 7 ва дар соли 2016-ум 81,7 миллион $-ро ташкил медиҳад. Қарздиҳандагони асосӣ ба кишвари мо дар доираи созишномаҳо Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, Бонки содиротию воридотии Чин, Бонки аврупоии сармоягузорӣ,инчунин Хазинаи Саудии Рушд, Хазинаи Кувайтии Рушд, Хазинаи Абу- Дабӣ, Хазинаи ОПЕК ва Хазинаи зиддибуҳронӣ мебошанд. Тавассути ин барнома барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва объёрӣ 9 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 48 миллион $, тандурустӣ 19,8 миллион $ дар доираи 6 лоиҳаи қарзӣ, маориф, 15,1 миллион $ дар доираи 6 лоиҳаи қарзӣ, энергетика ва саноат 20 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 115, миллион $, нақлиёт ва коммуникатсия дар доираи 22 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 547 миллион $, бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 16 лоиҳаи қарзӣ ба маблағи 18 миллион $ равона мешавад. Вазири молия таъкид кард, ки дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби даромадҳои соҳаҳои мазкур амалӣ мешавад. Тамоми қарзҳои пешниҳодшаванда имтиёзнок буда, барои давраҳои дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода шуда, меъёри фоизҳои онҳо то 2% -и солонаро ташкил медиҳад. Давраи имтиёзнокӣ аз рӯи баргардонии қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро -ро дар бар гирифта, тамоми онҳо дар доираи 35 %-и элементи грантӣ мебошанд. Ҳамзамон аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ маблағҳои грантӣ низ дар давоми солҳои 2014-2016, дар маҷмуъ 642 миллион $ дар назар дошта шудаанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






