Тасдиқи Нақшаи вохӯриҳои якҷояи номзадҳо бо интихобкунандагон
Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 14-уми октябри соли 2013 таҳти раёсати Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи КМИР баргузор гардид, ки дар он якчанд масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сараввал мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» КМИР Нақшаи вохӯриҳои якҷояи номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагонро дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.
Оид ба ин масъала қайд гардид, ки бо қадри имкон дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ва шаҳру ноҳияҳое, ки шумораи зиёди интихобкунандагон доранд, чунин вохӯриҳо ташкил карда шаванд.
Мутобиқи қисми 3 моддаи 27 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзад ба мансаби Президент ҳуқуқ дорад бо интихобкунандагон чи дар маҷлисҳо ва чи дар шакли барои интихобкунандагон муносиб вохӯриҳо гузаронда.
Ҳамчунин ба номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ тавсия карда шуд, аз имкониятҳои пешбиникардаи қонун истифода карда, дар алоҳидагӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сӯхбату вохӯриҳо бо интихокунандагон баргузор намоянд.
Дар ин раванд мутобиқи қ.1 моддаи 28 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шахсони боэътимоди номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ ҷиҳати фаҳмонда додани нуктаҳои асосии барномахои пешазинтихоботии номзадҳо корхои ташвиқотию тарғиботиро миёни аҳолӣ ба роҳ монанд.
Дар баробари ин ба номзадҳо ба мансаби Президенти ҶТ ва шахсони боэътимоди онҳо КМИР тавсия намуд, ки дар асоси қарори КМИР аз 4 сентябри соли ҷорӣ «Дар бораи тасдиқи тартиби истифодаи воситаҳои ахбори оммаи давлатӣ аз ҷониби номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони боэътимоди онҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ” тавассути телевизион, радио ва матбуоти давлатӣ барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳоро муаррифӣ намоянд.
Ҳамчунин мувофиқи моддҳои 12 ва 26 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» КМИР шакл ва матни бюллетенҳои интихоботиро тасдиқ намуд.
Дар бюллетен ба тартиби алифбо рӯйхати номзадҳо ба мансаби Президент бо зикри фамилия, ном, насаб, соли таваллуд, ҳизбият, вазифа ва ҷои кор дохил карда шудааст.
Бюллетенҳои интихоботӣ на дертар аз 10 рӯз то интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони давлатӣ ё забоне, ки аксарияти аҳолии ҳавзаи интихоботӣ бо он гап мезананд, аз ҷониби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ барои ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ тайёр карда мешавад. Комиссияҳои интихоботӣ бюллетенҳои интихоботиро бо санад месупоранд.
Бюллетенҳои интихобот ба комиссияҳои участкавии интихобот на дертар аз ду рӯз пеш аз интихобот расонида мешаванд.
Биное, ки бюллетенҳои интихобот дар он нигоҳ дошта мешаванд, муҳр карда, ба муҳофизаи мақомоти корҳои дохилӣ супурда мешавад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






