Ташрифи Сарвари давлат ба шаҳри Хоруғ

Октябрь 9, 2013 08:12

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома меёбад.
 
Субҳи барвақт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ омад. Дар фурӯдгоҳи шаҳр меҳмони олимақомро бо самимияти олӣ ва шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкорию созандагӣ ва ободонии густурдаи ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистони азиз истиқбол гирифтанд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Октябрь 9, 2013 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш