Вазорат масъул ба таъини муовинони роҳбарони МОИ

Октябрь 12, 2013 11:32

 
            Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ахиран палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон дар мавриди  ворид намудани тағйирот ба Низомномаҳои чор минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ кишвар -«Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара»  қарорҳои марбута қабул кард. Тибқи он минбаъд муовинони роҳбарони минтақаҳои озоди иқтисодии кишварро роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин менамояд.
        Шариф Раҳимзода -вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ дар назди вакилон масъалаи мазкурро шарҳ дода гуфт, ки  мақсад мутобиқ намудани муқаррароти Низомномаҳои МОИ  ба муқаррароти Низомномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар буда,  Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ мақоми ваколатдори оид ба  танзим даровардани фаъолияти ин минтақаҳо ва идораҳои  онҳо аст. Вазир зикр кард, ки муовинони роҳбарони МОИ то ин вақт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешуданд,  акнун ин ваколат ба роҳбарияти Вазорати  рушди иқтисод ва савдои кишвар вогузор гардид.  
          Дар ин росто  Домуллоҷон Ҷабборов- вакили палатаи поёнии Парлумон мегӯяд, ки лоиҳаи қарорҳои мазкур бо мақсади мутобиқ намудани Низомномаҳои чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон- «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара»  ба  талаботи қисми 7-и моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» таҳия шудааст.  Бо сабаби он ки вазифаи муовинони роҳбарони минтақаи озоди иқтисодӣ ба роҳбарони ташкилотҳои давлатии системаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои  кишвар алоқаманд аст,  аз ин рӯ масъалаи ба вазифа таъин  ва аз вазифа озод намуданашон аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба  минтақаи озоди иқтисодӣ ҳаллу фасл мегардад.

Октябрь 12, 2013 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш