Вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Қатар

Октябрь 25, 2013 09:06

Душанбе, 25 октбяр. (АМИТ «Ховар»).- 24 октябри соли 2013 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Қатар Алӣ ибни Муборак ал-Муҳаннадӣ баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки ба дурнамои густариши ҳамкориҳо назари некбинона доранд. Ҷонибҳо паҳлуҳои васеи муносибатҳоро, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор дода, дар роҳи густариши ин соҳаҳои ҳамкорӣ табодули назар намуданд.

Октябрь 25, 2013 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш