Вохӯрии роҳбарони «Чоргонаи Душанбе»

Октябрь 28, 2013 13:44

Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Дар шаҳри Исломобод таҳти васояти «Чоргонаи Душанбе» вохӯрии чоруми роҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи нашъаовари Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад роҳбарии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров ба ӯҳда дошт. Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот фаъолияти якҷоя дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро мавриди муҳокима қарор дода, дар анҷоми он Изҳороти муштарак ва ҳуҷҷатҳои дигари марбут ба роҳандозӣ намудани чорабиниҳои муштаракро имзо намуданд.

Октябрь 28, 2013 13:44

Хабарҳои дигари ин бахш