Вохурии намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Октябрь 29, 2013 14:49

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо мадади Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия 27 октябр дар шаҳри Толяттии вилояти Самара вохурии намоядаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Комилҷон Холов ва раиси Созмони ҷамъиятии «Ватан» — и тоҷикистониён Шароф Азимов бо муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар ФР хабар доданд, меҳмонон дар оғози суҳбат ба шароити будубош ва фаъолияти меҳнатии муҳоҷирон мароқ зоҳир намуда, аз тағйироти охирин дар бахши муҳоҷирати Қонунгузории федералӣ хабар доданд. Зимни сӯҳбат зарурати риояи ҳамаи меъёру талабҳои қонунҳои кишвари қабулкунанда, ки қоидаҳои будубош ва фаъолияти меҳнатиро танзим мекунанд, зикр ёфта, ҳамчунин дар бораи интихоботи пешорӯи Президенти ҶТ сухан ронда шуд. Муҳоҷирон даъват шуданд, ки дар интихобот фаъолона иштирок намуда ва ба тарафдории номзади арзанда овоз диҳанд.Хотирнишон месозем, ки мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихоботии ҶТ, дар қаламрави Федератсияи Русия 24 қитъаи интихоботӣ таъсис ёфтааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон метавонанд дар онҳо ба таври озод овоз диҳанд. Ҳамчунин дар маҳалҳои сукунату кори шаҳрвандони Тоҷикистон қуттиҳои махсуси овоздиҳӣ гузошта мешаванд. 

Октябрь 29, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш