Заминаи хуб барои ҳамкориҳои иҷтимоӣ

Октябрь 30, 2013 10:31

Душанбе, 30 октябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Фароҳам овардани заминаи асноди меъёрию ҳуқуқии марбут ба муҳофизати меҳнат ва рушди шарикии иҷтимоӣ ба ҷараёни бастани созишномаву шартномабандӣ такони ҷиддӣ бахшид.Дар ин давра аз 69 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 67 созишномаи минтақавӣ ба имзо расид. Аз ин теъдод 5 адад аз вазоратҳо, 23 адад аз кумитаву агентиҳо ва 39 адад созишнома аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошад, ки шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоиро риоя карда, созишномаи минтақавии байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, иттиҳодияи корфармоён ва намояндаи кормандонро дар вазорат сабти ном гардонидаанд. Ҳоло барои ба тасвиб расонидани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар ҷумҳурӣ мушкилот ба назар намерасад, чунки заминаҳои хуби меъёрии ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иҷтимоӣ фароҳам оварда шудаанд.

Октябрь 30, 2013 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш