Зойиров — Рақиби сиёсӣ ё ҳарифи сиёсӣ?

Октябрь 8, 2013 15:55

Душанбе, 8 октябр (АМИТ “Ховар”).- Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз қабули «Эъломияи истиқлоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»- аз 24-уми августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум, пайи бунёди давлати соҳибихтиёр ва демократӣ қадамҳои аввалини худро гузошт. Сипас дар асоси қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми ноябри соли 1994 «Халқи Тоҷикистон худро ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ эълон намуда, таъмини соҳибихтиёрии давлатӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи асосии худ қарор дода, Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул ва эълон намуданд».Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи талаботи моддаи 1-уми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон,- «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад» ва мақсади аввалиндараҷаи давлату миллат дар шароити имрӯза бунёди давлати иҷтимоӣ буда, ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда мебошад.Ба ҳамагон маълум аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба душвориҳои зиёде ба монанди ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ ва дар бунбасти коммуникатсионӣ қарор гирифтани давлати тоза истиқлол рӯ ба рӯ гашт, ки ин аз ҷониби муаррихон ҳамчун имтиҳони сахти таърихӣ ва ё ин ки як санҷиши бузурги миллӣ номгузорӣ гардидааст. Сад шукри Худои мутаъол, ки марҳила ба марҳила ин душвориҳо пушти сар гардиданд.Боиси таассуф аст, ки имрӯзҳо бархе аз сиёсатмадорон, олимон ва «баъзе дилсӯзон»-и миллату ҷумҳурӣ ин марҳилаҳои таърихиро фаромӯш кардаанд ё ин ки аз кӯрдилию хусумат онро нодида мегиранд.Фикру мулоҳизаҳо ва мақолаву изҳороти баъзе аз шахсиятҳои маъруф дар ВАО моро ҳамчун як узви ҷомеаи шаҳрвандӣ дар канор гузошта натавонист ва пеши худ мақсад гузоштем, ки аз масъалаҳо ва мушкилот дар канор набошем.Мехоҳам пеш аз ҳама бо ду ҷумла мафҳум ва моҳияти ҷомеаи шаҳрвандиро баён намоям, зеро аксар вақт гуруҳҳои мухолифин ё бо ном оппозитсияи ҳукуматӣ худро ҳамчун ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифӣ менамоянд, валекин дар адабиёти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар зери мафҳуми ҷомеаи шаҳрвандӣ на танҳо рақибони сиёсӣ, ки бо нигоҳи танқидӣ мавқеи ҷамъиятӣ доранд, фаҳмида мешаванд, балки дар зери мафҳуми ҷомеаи шаҳрванди зиёиён, олимон ва муҳаққиқон низ шомил ҳастанд, ки назари нек доранд ва ислоҳотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷадидро пешниҳод менамоянд. Ба мақсад мувофиқ аст агар ҷомеаи шаҳрвандӣ на бо назари танқидӣ, балки бо ислоҳотҳои ҷадид дар ҳамкорӣ ва дастгирӣ бошад.Дуруст аст, ки яке аз принсипҳои асосии давлати демократи ин озодона баён намудани андеша ва фикру мулоҳизаҳо мебошанд, лекин ба мақсад мувофиқ аст, ки фикру андеша ва гузоришҳои мо дар чорчӯбаи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ бошанд.Дар баробари гуфтаҳои боло мехоҳем андешаҳои худро перомуни изҳороти Раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва роҳбари Консорсиюми юридикии Тоҷикистон аз 4-уми октябри соли ҷорӣ бо номи «Хоҳиш ва талаби Раҳматилло Зоиров аз Эмомалӣ Раҳмон» дар сомонаи «Озодагон» — ozodagon. com баён намоем.Мо нисбат ба шахсият, мутахассис ва ё ин, ки даъвои ҳуқуқшинос ё олим будани муҳтарам Зоиров ягон эрод надорем, валекин ҳайрон аз он ҳастем, ки то ба кай бо изҳороти беасос ва гузоришҳои беандеша ва ғайриҳуқуқии худ ҷомеаро ба иштибоҳ ва каҷфаҳмӣ мебаранд, зеро санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдигарро марҳила ба марҳила тақвият бахшида, дар шароити имрӯза дар сатҳи зарурӣ муносибатҳои ҷамъиятиро чӣ дар доираи сиёсат ва чӣ иқтисоду иҷтимоиётро ба таври дахлдор танзим намудаанд. Барои дарки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба қонунҳои амалкунанда на олимӣ, на муҳаққиқӣ ва на илми ҳуқуқшиносӣ, балки саводи мукаммал зарур асту бас.Чаро номзадии Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президентӣ «инкор ва шикасти Сарқонун» бошад. Вақте ки дар изҳороти муҳтарам Зоиров аз моддаҳои 42 ва 64-уми Қонуни асосии Тоҷикистон ва ё ин, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос меоранд, мо низ зарур донистем, ки аз меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои ҳуқуқӣ пешниҳод намоем. Вақте ки сухан дар бораи Ҳаққи номзад шудан ба мақоми Президентиро кӣ дорад оғоз мегардад, дар ҳама гузоришҳои худ бе асосҳои воқеию ҳуқуқӣ андешаҳои нодурустро нисбат ба пешниҳоди номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президентӣ ҳамчун амали зидди конститутсионӣ эълон медорад. Вобаста ба гузоришҳои Раҳматилло Зоиров оид ба масъалаи интихоботи Президент, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби як гуруҳ устодони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Садои мардум» изҳороте рӯи чоп омада буд, ки пурра ба эродҳои беасоси ӯ бо далелҳои мушаххас аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шуда буд. Мо гумон доштем муҳтарам Зоиров ба андешаҳои беасос нуқта мегузоранд, вале афсӯс.Мутобиқи моддаи 6-уми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».Аз ҳамин лиҳоз қайд кардан ба маврид аст. ки тибқи муқаррароти моддаҳои 7, 14 ва 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», ки қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, мафҳум ва намудҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, таносуби байни онҳо, таркиби умумии таҳия, қабул, интишор, амал, тафсир ва мураттабсозии онҳо, инчунин роҳҳои ҳалли ихтилофҳои ҳуқуқиро муайян мекунад, баҳси ҳуқуқиро нисбат ба доираи амали тағйиру иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ва ба изҳоротҳои беасос нуқта гузоштааст.Ҳуқуқшинос набояд беасос ва бе далелҳои ҳуқуқӣ изҳорот ё ин, ки гузориш диҳад. Пешниҳоди номзадии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президентӣ дар чорчӯбаи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда мебошад. Мутобиқи муқаррароти интиқолии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар 4-қисм дар шакли эзоҳ ва замима дарҷ гардидааст ва он ҳамчун қисми таркибии меъёрҳои Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ қувваи юридикӣ пайдо намуда буд, асоси ҳуқуқӣ мушаххас мебошад.Мутобиқи моддаи 36-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» эзоҳ дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои зарурӣ бо мақсади дақиқ намудани моҳияти меъёрҳои ҷудогона истифода бурда мешаванд. Аз ҳамин лиҳоз дар қисми сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоби пай дар пайи президентӣ барои 2-муҳлат, ки дар қисми 4-уми моддаи 65-ум пешбинӣ шудааст, баъди ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад ё ин ки мутобиқи қисми 4-уми муқаррароти интиқолӣ «Судяҳои ҳамаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то эътибор пайдо кардани «Тағйироту иловаҳо ба Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» интихоб ва ё таъин шудаанд, ваколати худро то анҷоми муҳлаташон нигоҳ медоранд. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳо судяҳо ба муҳлати 10-сол интихоб ва ё таъин мешаванд».Дар охир қайд кардан ба маврид аст, ки мутобиқи моддаи 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳои ҳуқуқӣ-байналмиллалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон набояд хилофи қонун бошанд. «Ё ин ки мутобиқи моддаи 10-уми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори ҳуқуқӣ надоранд». Барои дарки ин масъала ба фикри мо муқаррароти меъёрҳои ҳуқуқӣ мушаххас ва аниқ аст. Дигар тарафи ин масъала дар он зоҳир мегардад, ки олимони соҳаи ҳуқуқ, чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намудҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида эътироф менамоянд, инчунин санади меъёрӣ-ҳуқуқие, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби шаҳрвандон бо овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардидааст, масъалаҳои муҳими ҳаёти давлатию ҷамъиятиро танзим мекунад, ворид намудани тағйиру иловаҳо ё бекор кардани ин санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ танҳо бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ сурат мегирад. Чунончӣ муҳтарам Зоиров аз моддаи 42-юми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба надонистани қонун ҷавобгарии ҳуқуқиро истисно намекунад, бо иловаи калимаи «ҳуқуқӣ», ки ғалат ва нодуруст иқтибос оварда шудааст. Мо низ аз моддаи 42-юм Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтибос оварда зикр менамоем, ки «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд».Вобаста ба ибораҳои муҳтарам Раҳматилло Зоиров дар изҳорот оид ба амали зидди Конститутсионӣ содир шудан аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси ҳуқуқӣ надорад, балки баёни ин нуқта на салоҳияти Раҳматилло Зоиров, балки салоҳияти Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Инчунин муқаррароти моддаи 24-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иштироки ҳатмии номзадро дар Анҷуман муқаррар накардааст, балки оид ба қарори қабул кардашудаи субъектони пешбарикунандаи номзад барои хабар додан ба номзад муҳлат муқаррар кардааст.Шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки пеш аз ҳама бо фарҳанги баланди ҳуқуқӣ ва сиёсӣ вориди майдони сиёсат шавем, зеро «Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад» гуфтаанд. Мардуми бофарҳанг ва оқили тоҷик имрӯз сад шукри Худо, ки на танҳо соҳиби зиракии сиёсӣ, балки дарки баланди адолати иҷтимоӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва андешаҳои созандаю бунёдкорӣ мебошад.Дар охир боз як бори дигар эҳтиромона хоҳиш менамудем, ки дар майдони сиёсат рақиби сиёсӣ бояд буд, на ҳарифи сиёсӣ. Рақобати сиёсӣ бояд, ки рақобати солим, қонунӣ ва боадолат бошад, зеро барои ноил гаштан ба ҳадафҳои сиёсии худ мардумро ба каҷфаҳмиву гумроҳиҳо бурдан на танҳо амали носавоб, балки хиёнат аст.Номзадҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣустодони факултети ҳуқуқшиносииДонишгоҳи Миллии ТоҷикистонАбдухалил Ғафуров ва Қурбон Қурбонов

Октябрь 8, 2013 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд