Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 532ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори Агентиисохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон озод намудани Комилов А.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Бо сабаби табдил додани Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилов Абдувалӣ Ҳакимович аз вазифаи Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 533ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Кумитаи меъморӣва сохтмони назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон таъин намудани Комилов А.Ҳ.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Комилов Абдувалӣ Ҳакимович Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
КОМИЛОВ АБДУВАЛӢ ҲАКИМОВИЧРаиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Комилов Абдувалӣ Ҳакимович – 25 марти соли 1954 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 ба сифати муҳандиси шуъбаи сохтмони асосии Идораи хоҷагии қишлоқи комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Хуҷанд оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои усто-конструктор, технологи калон, прораб, сармуҳандис, сардори Идораи махсуси механиконидашудаи №35-и Трести «Тоҷикстроймеханизатсия»-и шаҳри Ленинобод, сардори Трести «Спетсстроймеханизатсия-2»- шаҳри Ленинобод, Раиси Трести «Ленинободстрой» кор кардааст.
Солҳои 1996-2006 ҳамчун муовини раиси вилояти Ленинобод, Раиси шаҳри Хуҷанд, Директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Ленинободсохтмон», муовини Раиси Ширкати давлатии сохтмонии «Тоҷиксохтмон», муовини Раиси Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Хатлон адои вазифа намудааст.
Аз декабри соли 2006 то имрӯз Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Солҳои 1995-2000 Вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.
Бо медали «Хизмати шоиста» ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 534ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Раиси Раёсати Бонкидавлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон«Амонатбонк» озод намудани Ҳасанова Г.К.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҳасанова Гулнора Кенҷаевна бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 535ш. Душанбе
Дар бораи Раиси Раёсати Бонкидавлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон«Амонатбонк» таъин намудани Норинов Ҷ.Н.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НОРИНОВ ҶАМШЕД НУРМАҲМАДОВИЧРаиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»
Норинов Ҷамшед Нурмаҳмадович 14 декабри соли 1960 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати назоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молия оид ба вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намуда, то соли 1994 дар вазифаҳои назоратчӣ-тафтишотчӣ дар ноҳияи Бохтар, сарназоратчӣ-тафтишотчии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Қӯрғонтеппа ва муовини якуми сардори Идораи молияи вилояти Хатлон кор кардааст.
Солҳои 1994-2006 сардори Раёсати назорати тафтишотии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори Идораи назорати давлатии молиявии дар вилояти Хатлон будаи Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2006-2012 ба ҳайси муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз моҳи марти соли 2012 дар вазифаи муовини раиси вилояти Суғд фаъолият дорад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таъин гардид.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 536ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовиниВазири мелиоратсия ва захираҳои обиҶумҳурии Тоҷикистон озод намуданиҲасанов Ҳ.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :Бо сабаби барҳам додани Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович аз вазифаи муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 537ш. Душанбе
Дар бораи Директори Агентии беҳдошти заминва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Ҳасанов Ҳ.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Ҳасанов Ҳомидҷон УсмоновичДиректори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳасанов Ҳомидҷон Усмонович — 1 июни соли 1960 дар ноҳияи Тоҷикобод таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1982 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – гидротехник хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1982 ба ҳайси устои колоннаи сайёри механиконидашудаи №9, ноҳияи Ленин оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои саркори колоннаи сайёри механиконидашудаи №9, ноҳияи Ленин, котиби озоди кумитаи комсомол, котиби комитети ҳизбии коммунистӣ, ҷонишини раиси колхози ба номи Ленин, ноҳияи Ленин кор кардааст.
Солҳои 1994-2004 сармуҳандис, сардори Иттиҳодияи истеҳсолот ва таъминоти Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Директори Маркази татбиқи лоиҳаи барқарорсозии фаврии системаи обрасонии Ёвон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2004 то ба имрӯз дар мансаби муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз шудааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 538ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Сардори Хадамоти гумрукиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуданиЗарипов Г.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Зарипов Гурез бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 539ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи муовини Сардори Хадамотигумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Рустами Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Рустами Эмомалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОРаз 30 ноябри cоли 2013 № 540ш. Душанбе
Дар бораи Сардори Хадамоти гумрукиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Рустами Эмомалӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Рустами Эмомалӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон РУСТАМИ ЭМОМАЛӢСардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонРустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.Фаъолияти меҳнатиашро соли 2006 ба ҳайси сармутахассиси шӯъбаи ҳамкорӣ бо созмони умумии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, солҳои 2009-2011 дар вазифаи сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2011-2012 ҳамчун сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.Аз октябри соли 2012 то имрӯз дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.Дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзида, аз апрели соли 2009 муовини Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, аз ноябри соли 2009 аъзои Кумитаи муносибатҳои байналмиллалии Шурои олимпии Осиё ва аз январи соли 2012 Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудааст.Бо забонҳои англисӣ, немисӣ ва русӣ озодона ҳарф мезанад.Оиладор, соҳиби 2 фарзанд.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 541ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Сардори Саридораи назоратидавлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намуданиҶумъаев М.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Бо сабаби табдил додани Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъаев Мурод Холович аз вазифаи Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 542ш. Душанбе
Дар бораи Сардори Саридораи геологияиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Ҷумъаев М.Х.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Ҷумъаев Мурод Холович Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҶУМЪАЕВ МУРОД ХОЛОВИЧСардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумъаев Мурод Холович – 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишкадаи техникии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси муҳандис кӯҳкан ва соли 2010 Академиияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси коргари кӯҳкани Экпедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои нақбкани корҳои зеризаминӣ, усто, сардори қитъа, муҳандис, сардори партияи геологии Экпедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон, сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикгеология» ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор кардааст.
Аз соли 1996 то 2004 Директори Комбинати маъдантозакунии Такоб ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи Раиси ноҳияи Варзоб фаъолият дошт.
Аз декабри соли 2006 то имрӯз Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шудааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 543ш. Душанбе
Дар бораи Сардори Хадамоти назоратидавлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорииназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданиМирзоев С.С.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :Мирзоев Сиҷоуддин Саломович Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
МИРЗОЕВ СИҶОУДДИН САЛОМОВИЧСардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирзоев Сиҷоуддин Саломович – 2 июни соли 1965 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1989 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси кӯҳӣ, геофизик хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 ба сифати геофизик-оператори Эспедитсияи ҷанубӣ дар шаҳри Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат) оғоз намуда, солҳои 1991-2003 дар мансабҳои сардори отряди сейсмологӣ, муҳандис-геофизики Эспедитсияи ҷанубии Тоҷикистон, сардори минтақаи сохтмонии Иттиҳодияи истеҳсолии «Наврӯз» шаҳри Кулоб, сардори сехи электрикии конструксияи оҳану бетонии №8, муовини директори генералии Ширкати «Саддам» дар шаҳри Сарбанд, нозири кӯҳӣ-техникии Идораи Госгортехнадзори Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.Солҳои 2003-2006 муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони Нерӯгоҳи оби барқии Роғун адои вазифа кардааст.
Солҳои 2006-2011 дар мансаби муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Аз августи соли 2011 то имрӯз Котиби масъули корпоративии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқии обии «Роғун» мебошад.
Бо ордени Шараф дараҷаи II сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 544ш. Душанбе
Дар бораи аз вазифаи Директори Муассисаи давлатиихоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳитизисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонозод намудани Исматов А.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Исматов Азизулло Убайдуллоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР
аз 30 ноябри cоли 2013 № 545ш. Душанбе
Дар бораи Директори Агентии хоҷагииҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонтаъин намудани Исматов А.У.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:Исматов Азизулло Убайдуллоевич Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
РаисиҲукумати ҶумҳурииТоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ИСМАТОВ АЗИЗУЛЛО УБАЙДУЛЛОЕВИЧДиректори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматов Азизулло Убайдуллоевич – 18 марти соли 1964 дар шаҳри Қурғонтеппа таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном ва соли 2006 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1986 дар мансаби ходими хурди илмии стансияи хокшиносӣ оғоз намуда, сипас ҳамчун муаллими фанни агрономи совхоз-техникуми ноҳияи Бохтар, сарагрономи совхози «Вахш»-и ноҳияи Вахш, раиси иттиҳодияи «Сельхозхимия»-и ноҳияи Вахш фаъолият кардааст.
Солҳои 2002-2007 мутахассиси идораи назорати давлатии заминҳои кишоварзӣ, Директори корхонаи давлатии Маркази замини Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа кардааст.
Солҳои 2007-2012 мудири бахши растанипарварии Шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин, муовини аввали Директори Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» ва Директори Муассисаи давлатии илмии «Боғи ботаникии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Аз июли соли 2012 то ба имрӯз Директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 Директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Ҳамчунин бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Раҳматулло Қурбоналиевич аз вазифаи муовини Вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Мирзоев Ашуралӣ Кенҷаевич муовини Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






