Қатъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаю хиёбонҳои пойтахт

Ноябрь 15, 2013 09:52

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки вобаста ба баргузоршавии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ рӯзи 16 ноябри соли равон аз соати 06:00 то анҷоми чорабиниҳо дар хиёбони Рӯдакии пойтахт аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Карамов сар карда, то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро нигоҳдорӣ ва таваққуфи ҳама гуна воситаи нақлиёт дар назди биноҳои истиқоматӣ ва биноҳои ташкилоту муассисаҳо, ки ҳамшафати роҳи мошингарди хиёбони Рудакӣ мебошанд, манъ мегардад.
Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт дар минтақаҳои зерини кӯчаю хиёбонҳои пойтахт манъ мегардад:
— хиёбони Рӯдакӣ аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то чорроҳаи Рӯдакӣ-Бухоро; 
— хиёбони И.Сомонӣ аз чорроҳаи И.Сомонӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи И.Сомонӣ-Ҳ.Шерозӣ;
— кӯчаи Шероз аз чорроҳаи Шероз-И.Сомонӣ то чорроҳаи Шероз-Бухоро;
— кӯчаи Ҷ.Икромӣ ва Шевченко аз майдони Дӯстӣ то чорроҳаи кӯчаҳои Шевченко-Бухоро;
— кӯчаи Л.Шералӣ аз чорроҳаи Л.Шералӣ-Рӯдакӣ то чорроҳаи Л.Шералӣ-М.Турсунзода;
— кӯчаи Ф.Ниёзӣ аз чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-Шероз то чорроҳаи Ф.Ниёзӣ-М.Турсунзода;
— кӯчаи Саид Носир аз чорроҳаи Саид-Носир-Рӯдакӣ то чорроҳаи Саид Носир-Ҳ.Шерозӣ;
— кӯчаи Шоҳтемур аз чорроҳаи Шоҳтемур-Шероз то чорроҳаи Шоҳтемур-М.Турсунзода;
— кӯчаи Шота Руставели аз чорроҳаи Шота Русатавели- Рӯдакӣ то  чорроҳаи Шота Руставели-Бохтар;
— кӯчаи Теҳрон аз чорроҳаи Теҳрон-Шероз то чорроҳаи Теҳрон-Бохтар.
 
 

Ноябрь 15, 2013 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд