Қурби миёнаи рубли русӣ каме паст ва евро баланд шуд

Ноябрь 1, 2013 10:18

Душанбе, 1 ноябр. (АМИТ «Ховар, Л. Қосимова).- Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ҳафтаи равон қурби доллари ИМА андаке баланд шуда, ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 4,8840 — 4,8980 сомонӣ қарор гирифт. Қурби миёнаи амалиёт бо рубли русӣ каме паст ва бо евро баланд гардида, мутаносибан ба 0,1510 — 0,1520 ва 6,5920 — 6,6130 сомонӣ баробар шуд. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, 31 октябр қурби миёнаи доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8840-4,8990 сомонӣ, шаҳри Хуҷанд 4,8838-4,9015 сомонӣ ва шаҳри Қурғонеппа ба 4,8900-4,9000 сомониро ташкил дод.

Ноябрь 1, 2013 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш