Ҳамоиш оид ба методология ва механизмҳои хизматрасониҳои экосистемавӣ
Душанбе, 9 ноябр.(АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Чанд рӯз қабл дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории бурунмарзӣ дар ҳавзаҳои хурди Осиёи Марказӣ» ва тренинги минтақавӣ «Оид ба интегратсияи арзиши иқтисодии хизматрасонии экосистемавӣ дар протсеси қабули қарорҳо доир ба идоракунии захираҳои обии Осиёи Марказӣ» доир гардид. Мақсади тренинги мазкур аз шиносоӣ бо методология ва механизмҳои баҳодиҳии хизматрасониҳои экосистемавӣ, яъне фоидае, ки инсон аз экосистемаҳо ба даст меоварад ё ин ки шароит ва равандҳое, ки тавассути экосистемаҳои табиӣ ва навъҳои дигари онҳо талаботи ҳаёти инсонӣ қаноатманд мегарданд, иборат буд.Масъалаҳо барои тезтар баҳо додани хизматрасониҳои экосистемавӣ методҳои бозоргонӣ, таҳлили бозор дар ҳолати муайян будани ҳаҷми маҳсулоти табиии ҷамоваранда ва истифодашаванда, алтернативӣ; дар ҳолати таъмини оби тоза аз дарё, истифодаи обҳои зеризаминӣ, ё тоза кардани об, ки алтернативӣ шуда метавонанд, гедоникӣ яъне фарқияти арзиши як навъи маҳсулоте, ки фоидааш аз экосистема гирифта мешавад ё не. Масалан, дар як бино ҳуҷрае, ки ба манзараи ландшафти баҳрӣ равона шудааст ва ҳуҷраи баракс, арзиши харҷӣ, нақлиётию-сафарии сайёҳон ва баҳодиҳии шартӣ. Методи асоснок кардашуда ба аҳолие, ки барои хизматрасониҳои экосистемавӣ, беҳдошти он маблағ сарф кардан мехоҳанд, пешниҳод гардиданд. Дар ҷаласаи сеюми гурӯҳи кории минтақавии лоиҳаи «Мусоидат ба ҳамкории бурунмарзӣ дар ҳавзаҳои хурди Осиёи Марказӣ», ки бо дастгирии ЮСАИД аз ҷониби Маркази Экологии Минтақавӣ амалӣ шуда истодааст, масъалаҳои баҳодиҳии экологии қисмати Қирғизистон ва Тоҷикистонии ҳавзаи дарёи Исфара, дар асоси маълумотҳои пешниҳодшуда, баррасӣ ва муҳокимаронӣ карда шуданд. Проблемаи асосии экологӣ дар қисми Тоҷикистон ин баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, шӯршавӣ ва ботлоқшавии заминҳо ва маҳалаҳои аҳолинишин дар водии Исфара-Лаккони ноҳияи Исфара мебошад. Барои пешгирии проблемаи мазкур, бояд истифодабарии оби полезӣ мувофиқи меъёр ва реҷаи обёрӣ ба роҳ монда шуда, технологияҳои нави обёрӣ истифода гарданд. Дар ҳамоиши мазкур сардори раёсати обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бозор Раҳмонов ширкат дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






