Ҳисоботи ҳайати мушоҳидони ҶМЧ дар бораи интихобот
Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Бо даъвати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати мушоҳидони Ҷумҳурии Мардумии Чин аз 2 то 7 ноябри соли 2013 ҷараёни омодагӣ ва 6 ноябри соли 2013 гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида намуд. Ҳайат ӯҳдадориҳои худро мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва принсипи эҳтироми соҳибихтиёрии кишвар ва дахолат накарда ба корҳои дохилии он иҷро намуд. Дар ҷараёни фаъолияти ҳайат бо шахсони масъули Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои дигари дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқотҳо анҷом дода шуданд. Аъзои ҳайат аз ҳавзаю участкаҳои дахлдори интихоботӣ дидор намуда, бо тарҷумаи ҳол ва барномаҳои интихоботии шаш номзад ба мансаби президент, ҳамчунин бо тартиби овоздиҳӣ ва омодагӣ ба интихобот шинос шуданд.
Ҳайат дар рӯзи овоздиҳии 6 ноябр аз ҳавзаҳои интихоботии № 2, 3 ва 4, ҳамчунин участкаҳои интихоботии 1, 8, 10, 11, 15, 24, 29, 30 -31, 37- 38 дидан намуда, ҳангоми таҳияи варақаю қуттиҳои овоздиҳӣ ширкат дошт, тафтиши ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти интихобкунандагонро тасдиқ менамоянд ва ба онҳо додани варақаҳои овоздиҳиро мушоҳида ва ҷараёни овоздиҳӣ ва ҳисоби овозҳоро назорат кард.
Ҳайат ба чунин хулоса омад, ки дар ҳавзаҳои интихоботӣ комиссияҳои интихобот ҳуҷҷатҳои марбут ба овоздиҳӣ ва маълумотро дар бораи номзадҳо ба мансаби президент пурра ва сари вақт дарҷ намуданд. Овоздиҳӣ орому мӯътадил сурат гирифтиа, ҷараёни онро васоити ахбори омма муфассалу ошкоро инъикос доданд.
Бо назардошти ин ҳайат чунин мешуморад, ки интихобот шаффоф ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ сурат гирифт. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо роҳи овоздиҳӣ баён намудани хоҳиши сиёсиашон пурра таъмин гардид. Ҳайат ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Вазорати корҳои хориҷӣ ва сохтору идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мададу мусоидаташон изҳори миннатдорӣ мекунад.
Ҳайати мушоҳидони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






