Ҷараёни муътадили овоздиҳӣ дар комиссияи ҳавзавии интихоботии №3-и Шоҳмансур

Ноябрь 6, 2013 09:54

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Имрӯз дар участкаи комиссияи ҳавзавии интихоботии №3-и ноҳияи Шоҳмансур, ки дар мактаби таҳсилоти умумии №20-и пойтахт воқеъ аст, овоздиҳӣ аз муҳлати муқарраршуда пештар-соати 5.45 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз ёфт. Аз ҳама пештар дар ин ҳавза иштирокчии ҶБВ овоз дод, ки ӯро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд. Тибқи иттилои раиси участкаи интахоботии мазкур Маҳмадсиддиқ Сайфуров тибқи ҳисобҳо бояд дар ин ҳавза 1284 нафар овоз диҳанд ва то соати 9 –и саҳар қариб 400 нафар овоз додаанд.Вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ дар ин участка пешакӣ овоз додааст, зеро дар айни замон ӯ дар сафари хидматӣ қарор дорад.Дар ин участка ҳамчунин раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов низ овоз додааст.

Ноябрь 6, 2013 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш