25-уми ноябр- рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи хушунат
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- “Оила бидуни зӯроварӣ”- таҳти чунин ном имрӯз дар бинои “Вафо” мизи мудаввар бо иштироки як зумра намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятию ғайридавлатӣ ва намояндагони ВАО ширкат доштанд. Чорабинии мазкур аз 25 ноябр то 10 декабр гузаронида мешавад.Зимни нишасти мазкур, масъулони созмони иҷтимоии “Лигаи занҳои ҳуқуқшиноси Тоҷикистон” баён карданд, ки ҳафтод дарсади занҳои Тоҷикистон дучори хушунат дар хонаводаҳо мешаванд.Моҳи сентябри соли 2012 марҳалаи ҳаштуми лоиҳа оғоз гардид, ки он то соли 2015 давом хоҳад кард. Мақсади умумии лоиҳа аз паст кардани сатҳи зӯроварӣ дар оила ҳамчун поймолкунии мудҳиштарини ҳуқуқи инсон ва инчунин баланд бардоштани савияи маълумотнокии мардум оид ба масоили зӯроварӣ дар оила иборат аст. Бояд гуфт қонуни ҶТ “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013 қабул шудааст.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






