Амалиёти нодири ҷарроҳӣ дар Хуҷанд
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд бори аввал занони мубталои бемориҳои узвҳои дарунӣ бо истифода аз таҷҳизоти лапароскопӣ ҷарроҳӣ шуданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ бори нахуст дар шимоли ҷумҳурӣ сурат мегирад. Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, тамоми ҷараёни амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз таҷҳизоти ҷарроҳии лапароскопии сохти Олмон рӯи кор меояд. Ин таҷҳизот бо дастгирии ҳукумат ва ёрии молиявии яке аз бонкҳои Арабистони Саудӣ харидорӣ шудааст.Мувофиқи суханони сардухтури таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Шоира Бузрукова, чунин амалиёти нодири ҷарроҳиро ду нафар табибоне, ки дар марказҳои тиббии Русия ва шаҳри Душанбе таълим гирифтаанд, ба роҳ мондаанд. Шоира Бузрукова зикр намуд, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони номбурда чор маротиба чунин амалиёти ҷарроҳиро роҳандозӣ намудаанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






