Ба қонун дар бораи рамзҳои Президент тағйирот ворид карда шуд

Ноябрь 7, 2013 11:32

         Душанбе, 7 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон-Маҷлиси намояндагон 7 ноябр ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуд. Тибқи он ба ду  моддаи лоиҳаи қонуни амалкунанда- моддаи 1 ва 6 тағйиру иловаҳо ворид шуданд, ки он масъалаҳои супоридани рамзҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад. Яъне, минбаъд тибқи ин тағйирот  тартиби супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. 
      Галия Рабиева -вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар зимни тавзеҳи масъалаи мазкур гуфт, ки лоиҳаи Қонуни  Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳанӯз 7 сол муқаддам, яъне соли 2006 қабул гардида буд ва бори нахуст аст, ки ба он Парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ворид менамояд.
 
 

Ноябрь 7, 2013 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд