Баррасӣ ва ҷонибдории панҷ масъалаи муҳим аз сӯи Парлумон

Ноябрь 11, 2013 11:00

              Душанбе, 11 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 11 ноябр аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ, ки  тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даъват карда шуд,  маҷмӯи масъалаҳои марбут ба рушди ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.
       Аъзои Маҷлиси миллӣ Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид  ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. 
        Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Саймурод Тағоев, Бахтиёр Худоёров ва Мамадшо Илолов зимни тавзеҳи масъалаҳои мазкур аҳамияти  онҳоро дар рушди ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳадаф аз  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мазкур  такмили қонунгузории кишвар, мутобиқ намудани онҳо ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун ва рушди иқтисоди кишвар аст.
               Бояд тазаккур дод, ки  қонунҳои мазкур қаблан аз ҷониби  палатаи поёнии Парлумони мамлакат- Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва қабул гардида буданд.
 
 

Ноябрь 11, 2013 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш