Баррасии сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар Душанбе
Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ ).- 27 ноябр дар Душанбе шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар чорчӯбаи барномаи «Ташаббусҳои шаффофият ва зерҳисоботӣ» конфронси байналмилали дар мавзӯи «Хидматрасониҳои давлатӣ: дастрасӣ ва сифат»-ро баргузор мекунад.Мақсад баррасии таҷрибаи байналмилалӣ оид ба пешниҳоди хизматрасонии давлатӣ, баландбардории дастрасӣ ва сифатнокӣ, механизми мониторинги ҷамъиятии сифати хизматрасониҳои давлатӣ, таҳияи номгӯ ва стандарткунонии хизматрасониҳои давлатӣ, имконияти истифодаи таҷрибаи мавҷуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҷовид Муқим, корманди масъули Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар ба АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар конфронс иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъятии Украина, Гурҷистон ва Қирғизистон пешбинӣ шудааст». Ҳамчунин ба гуфтаи мавсуф барои иштирок дар конфронс намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ, коршиносони мустақил ва намояндагони илму маорифи Тоҷикистон даъват мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






