Бинои маъмурӣ ва таълимӣ дар Данғара

Ноябрь 19, 2013 10:21

Душанбе, 19 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Дар ноҳияи Данғара сохтмони бинои маъмурӣ ва таълимии Ташкилоти мададгори мудофиа босуръат идома дорад. Он бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат хоҳад буд.  Хароҷоти сохтмони бино аз ҳисоби маблағи дохилии Ташкилоти мададгори мудофиа таъмин мегардад. 
Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров хабар дод, Ташкилоти мададгори мудофиа сохтмони биноҳои маъмурию таълимии худро дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва Куҳистони Мастчоҳ ба анҷом расонида, корҳои таҷҳизонии синфхонаҳои таълимӣ бо мизу курсиҳо ва воситаҳои аёнӣ идома доранд. 

Ноябрь 19, 2013 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш