Боздиди намояндагони Хазинаи Оғохон аз МОИ «Суғд»

Ноябрь 20, 2013 11:43

Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода).- Намояндагони  Хазинаи  Оғохон  дар  Тоҷикистон  бо роҳбарияти Минтақаи  озоди  иқтисодии  «Суғд»  мулоқот  анҷом  доданд. 
 
Назар  ба  хабари  хадамоти  матбуоти раиси  вилояти  Суғд,  дар  ҷараёни  мулоқот   зикр  шуд, ки маъмурияти  минтақа  бо  дастгирии  молиявии Ҳукумати  Тоҷикистон  сохтмони  тавораи  як  қисми  ҳудуди Минтақаи  озоди  иқтисодӣ  ва  гузаргоҳро  анҷом  дод.  Дар  натиҷаи  ин   шароити   пурра  дар  амал  татбиқ  намудани   ҳамаи  нақшаҳое, ки  қонуни  амалкунанда  пешбинӣ  менамояд,  фароҳам  омад. 
 
Мақсад  аз  фаъолияти  Хазинаи  Оғохон  дар  Тоҷикистон  рушди  деҳот,  тандурустӣ,  маориф ва  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  мебошад. Бисёрии ин  ибтикорот  масоили  мубрам,  аз ҷумла  масъалаҳои   баробарҳуқуқии  занон,  шаффофият  ва  вусъати  воқифияти  ҷомеа  аз  масоили  рушду тараққиётро  ҳал  менамоянд. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  лоиҳаҳои  Хазинаи  Оғохон  дар  вилояти  Хатлон,  водии  Рашт, ВМКБ ва  қисман  дар вилояти  Суғд  татбиқ  мешаванд. Алҳол  дар  вилояти  Суғд вусъат  бахшидани фаъолияти Хазинаи  Оғохон  дар  назар  аст.

Ноябрь 20, 2013 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш