Чанд хабар аз хориҷи кишвар

Ноябрь 4, 2013 16:50

 
Вохӯрии Навоз Шариф бо Барак Обама
 
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Барномаи ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини  Амрико дар Покистон ҳанўз аз соли 2004-ум фаъолият дорад, ки дар пайи он ҳазорҳо нафар ҷон бохтаанд. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот сарвазири Покистон Навоз Шариф бо президенти Амрико Барак Обама дар Вашингтон чанд рўз пеш мулоқот намуд. Зимни вохўрӣ Навоз Шариф аз Барак  Обама талаб намуд, ки ба ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳудуди Покистон пурра хотима бахшанд. Бояд гуфт, ки дар Покистон  376 ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини амрикоӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари ин ҳамлаҳо беш аз 3613 кас ба ҳалокат расидааст, ки аз ин 926 нафараш сокинони осоишта мебошанд.
 
Даромади софи «Дойчебонк»
 
Душанбе, 4 ноябр .(АМИТ «Ховар»).-Дар семоҳаи сеюми соли равон даромади софи бонки Олмон «Дойчебонк» 15 дарсад ё худ  51 миллион евро коҳиш ёфт. Таҳлилгарони соҳаи молия иброз медоранд, ки кам гардидани сармоягузорӣ ба фаъолияти бонки номбурда таъсири манфӣ расонд. Ҳамзамон баҳсҳои судӣ  низ боиси коҳиши даромади бонк гаштааст. Рақиби «Дойчебонк» бонки «Ю-БИ-ЭС»-и Швейтсария ҳолати молиявии худро тадриҷан беҳтар менамояд.       
                                      10-соли маҳрумият аз озодӣ
 
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар яке аз шаҳрҳои Фаронса падару модареро бо ҷурми даст доштан дар азобу шиканҷаи фарзанди худ боздошт намуданд. Мувофиқи иттилои расида волидайн кўдаки навзодро тайи 6-моҳ дар дохили бағоҷи нақлиёти шахсиашон нигоҳ доштаанд. Ин ҳодиса вақте ошкор гардид, ки падару модари тифли навзод нақлиёти худро дар назди устои мошин аз назорати техникӣ мегузарониданд. Дар айни замон тифли навзод дар беморхона қарор дорад. Волидайни тифлро 10-соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
 
                           Амалиёти махсус дар Афғонистон
 
Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Мақомоти махсуси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҷараёни амалиёт дар вилояти Пактико боз як анбори толибону террористонро дарёфт намуданд, ки дар он ба миқдори зиёд силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ нигоҳ дошта мешуд. Нерўҳои қудратӣ аз ин махфигоҳ ҳамчунин беш аз 260 килограмм маводи мухадирро дарёфту мусодира намуданд. Вилоятҳои Пактико ва Пактиёи Афғонистон мавзеъҳои ноором маҳсуб ёфта, дар ҳудуди ин минтақаҳо қонуншиканӣ ва убури сарҳад бештар ба назар мерасад. Гуруҳҳои Толибон ҳамарўза ба минтақаҳои аҳолинишин ва иншооти дигар ҳамла оварда, боиси нооромӣ дар минтақа мегарданд.
 
Се мактуби таҳдидомез
 
Душанбе, 4 ноябр (АМИТ «Ховар»).-Ҳафтаи равон ба суроғаи роҳбари Ирландияи Шимолӣ, парлумони мамлакат ва вазири корҳои хориҷии кишвар Тереза  Виллер се мактуби таҳдидомез ворид гардид. Тафтишот муайян кард, ки дар дохили номаҳои таҳдидӣ  моддаи махсуси тарканда ҷой карда шудааст. Ба кормандони мақомоти махсус муяссар шуд, ки тўли чанд соат моддаи таркандаро безарар гардонанд. Чанд рўз қабл чунин номаи таҳдидомез ба додситони шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ ирсол шуда буд. Хадамоти махсуси Ирландияи Шимолӣ ҳафтаи гузашта мактуби таҳдидомези дорои моддаи таркандаро дар бинои почтаи давлатии ин кишвар пайдо карданд. То ҳол аз ҷониби кӣ ирсол шудани мактубҳои таҳдидомез муайян нашудааст. Тафтишот дар ин самт идома дорад.
 
 
Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ

Ноябрь 4, 2013 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд