Чанд хабар аз хориҷи кишвар
Фурӯ рафтани замин дар БоснияДушанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Ба иттилои БИ-БИ-СИ соати 15-30 дақиқаи нисфирӯзии 26 ноябри соли 2013 сокинони деҳаи Саникаи Босния шоҳиди ҳодисаи фурў рафтани замин гардиданд. Мутахассисони соҳаи мазкур иброз медоранд, ки замин ба умқи 8 метр фурў рафта, қутри он аз 20 метр иборат аст. Шоҳидони ҳодиса таъкид медоранд, ки чунин воқеаро танҳо дар филмҳои тахайюлӣ дидаанд ва бори аввал ба чунин ҳодисаи табиӣ рў ба рў мегарданд. Боришоти барфи зиёд дар Аврупо Душанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар як қатор мамлакатҳои Аврупо боришоти барфи зиёд ба қайд гирифта шуд. Зарари ин ҳолат ба хоҷагии халқ ва аҳолии қисми марказии Италия бештар ба назар мерасад. Дар баъзе минтақаҳо баландии қабати барф ба ним метр баробар гардидааст. Дар пайи боридани барфи зиёд ҳаракати воситаҳои нақлиёт мушкил шуда, дар мавзеъҳои наздикуҳӣ автомобилҳои зиёд дармонда, шумораи садамаҳо рў ба афзоиш овардааст. Дар Полша бар асари боридани барф ва яхбандӣ садамаҳои нақлиётӣ хеле зиёд гардида, автобуси мактаббачагон ба садама дучор омад. Дар Босния ва Гертсоговина низ чунин мушкилот ба назар мерасад. Барқарорсозии хати барқ дар РусияДушанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия корҳои барқарорсозӣ барои таъмини сокинон бо нерўи барқ, ки дар пайи боришоти зиёди барф ва сардии ҳаво маҳрум гардида буданд, идома доранд. Ёдовар мешавем, ки бар асари боридани барфи зиёд ва тундбоди шадид бошандагони беш аз ҳазор минтақаи аҳолинишин аз истифодаи нерўи барқ маҳрум мондаанд. Ҳукуматдорон аз ронандагон даъват намудаанд, ки сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ намоянд, зеро эҳтимолияти боз ҳам сардтар шудани вазъи ҳаво аз ҷониби идораҳои марбутаи мамлакат пешгўӣ мешавад. Амалиёти махсус дар ДоғистонДушанбе, 27 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Доғистони Федератсияи Русия амалиёти махсуси кормандони мақомоти полис бар зидди гуруҳҳои силоҳбадаст то ҳол идома дорад. Дар ҷараёни амалиёт дар яке аз маҳалҳои аҳолинишини назди шаҳри Махачқалъа дар байни нерўҳои қудратӣ ва силоҳбадастон задухўрди мусаллаҳона сурат гирифт. Дар айни ҳол дар мавриди ҳалокати 3 нафар аз силоҳбадастон хабар дода мешавад. Мувофиқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Доғистон кушташудагон дар содир намудани чанд амали террористӣ ва сўйиқасд ба ҷони шахсони воломақом муттаҳам дониста мешаванд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






