Дар Хатлон дурнамои ҷамъоварии пахта иҷро шуд

Ноябрь 1, 2013 11:39

Қӯрғонтеппа,  1 ноябр . (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- Назар ба хабари Раёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар ин ҷо дурнамои ҷамъоварии пахта баробари 100,2 фоиз иҷро гардид. Аз оғози маъракаи ҷамъоварии ҳосил дар вилоят 270 ҳазору 470 тонна «тиллои сафед» ба даст омадааст. Аз ҷумлаи 19 ноҳияи пахтакори вилоят фақат ноҳияи Қумсангир нақшаи пахтасупориро ҳанӯз иҷро накардааст. Имсол дар вилояти Хатлон дар масоҳати 128 ҳазору 123 гектар пахта кишт шуда буд.

Ноябрь 1, 2013 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш