Дурнамои сиёсати пулию қарзии кишвар барои соли оянда
Душанбе, 13 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Бо назардошти вазъи нисбатан муътадили бозорҳои молиявӣ, тағйирёбии нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои хусусияти мавсимӣ ва маъмурӣ дошта, сатҳи таваррум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014 дар доираи 7,5% пешбинӣ мегардад». Ин матлабро Абдуҷаббор Ширинов -раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷараёни муаррифии «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар Парлумони мамлакат зикр намуд.
Раиси Бонки миллии кишвар гуфт, ки «Сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли соли 2014 ба нигоҳдории сатҳи муътадили нархҳо, рушди боэътидоли ҳаҷми пул, таъмини фаъолияти солим ва устувори низоми бонкии кишвар равона мегардад.
Барои муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот афзоиши миёнаи солонаи пулҳои захиравӣ дар соли 2014 то 16% ва афзоиши нишондиҳандаи васеи ҳаҷми пул то 14 % пешбинӣ мешавад. Ҳамзамон дар соли 2014 дурнамои афзоиши дороиҳои умумии хориҷӣ на кам аз 17 % пешбинӣ гардида, дар ин росто афзоиши захираҳои ҳисоби байналмилалӣ дар сатҳи на кам аз 15 % пешбинӣ шудааст.
Абдуҷаббор Ширинов гуфт, ки барои беҳтар намудани низоми бонкӣ дар доираи «Стратегияи рушди бахши бонкӣ барои солҳои 2010 -2015» аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Идома додани сиёсати солимгардонии бонкҳое, ки аз лиҳози молиявӣ мушкилот доранд, бо роҳи такмили сохтори онҳо, такмил додани идораи босамари дороиҳо ва уҳдадориҳо дар ҳамаи ташкилотҳои қарзӣ, вусъати ҳаҷми қарздиҳӣ ба бахшҳои асосии иқтисодиёт ва зиёд намудани дастрасии муштариён ба қарздиҳии хурд барои беҳтар намудани ҷараёни қарздиҳӣ ва паст кардани хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ, мусоидат намудан ба фаъолияти бюрои қарзӣ, қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ноҳияҳои дурдаст ба соҳибкории хурду миёна бо хизматрасониҳои бонкӣ бо роҳи зиёд намудани шумораи филиалҳо, намояндагиҳо ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзӣ аз ҳамин қабил аст.
Ҳамзамон вусъати фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ бобати зиёд намудани эътимоди муштариён ва ҷалби сармояи дохилӣ, бо мақсади пурзӯр намудани танзим ва назорати бонкӣ такмил додани механизми баҳогузории хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҳлили васеи ҳолати молиявии бонкҳо тавассути сифатан баланд бардоштани низоми автоматикунонии коркарди ҳисоботи молиявии онҳо, таъмини шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони низоми молиявӣ аз самтҳои дигари тадбирҳои Бонки миллии кишвар дар самти татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2014 маҳсуб меёбад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






