Форуми сармоягузорӣ дар мавзӯи рушди Исфара
Исфара, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Дадабоев).- 27 ноябр дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд Форуми якуми сармоягузорӣ ба кори худ шуруъ намуд. Ин чорабинӣ бо ибтикори маъмурияти шаҳри Исфара ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ шуд. Яке аз мақсадҳои асосии форум ҷалби сармояҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара мебошад. Тавре ки аз маъмурияти шаҳри Исфара хабар доданд, форум дар ҳошияи барномаи рушди шаҳр бо дастгирии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ аз қабили Рушди барномаи СММ ва ЮНИСЕФ доир гардид. Дар форум Барномаи рушди шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017, ки онро қаблан Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ намуда буд, мавриди муҳокима қарор мегирад. Дар кори форум намояндагони вазорату идораҳои бахши иқтисоди кишвар, соҳибкорон, созмонҳои байналмилалӣ, ҳамчунин ҳайатҳои дипломатии Эрон, Беларус ва Қирғизистон ширкат доранд. Ба барномаи Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара 338 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 500 миллион сомонӣ дохил карда шудааст. Аз ҷумлаи он 38 лоиҳа ба маблағи 137 миллиону 600 ҳазор сомонӣ дар бахши иқтисодиёт, 152 лоиҳа ба маблағи 209 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар соҳаи иҷтимоӣ, 106 лоиҳа ба маблағи 1 миллиарду 94 миллион сомонӣ барои рушди сохторҳои маҳаллӣ истифода хоҳад шуд.Дар ҳошияи форум ҳуҷҷатҳо дар бораи ҳамкории байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва мушорикон оид ба рушди соҳибкории мулкӣ ба имзо расонида мешаванд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






