Гуфтугӯйи телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳомид Карзай

Ноябрь 8, 2013 09:08

Душанбе, 8 ноябр. (АМИТ «Ховар»).-Миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай суҳбати телефонӣ баргузор гардид.
 
Президенти кишвари ба мо дӯсту ҳамсоя Ҳомид Карзай Эмомалӣ Раҳмонро дар иртибот ба пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, аз номи мардуми шарифи кишвари Афғонистон ба роҳбари тозаинтихоби Тоҷикистон саломатии бардавом ва барору комёбӣ таманно намуд.
 
Ҳомид Карзай изҳори эътимоду боварӣ намуд, ки дар ин марҳилаи таърихие, ки дар раёсати давлатдории тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қарор мегирад, муносиботи дӯстиву иртиботи ҳасанаи ду кишвар раванди тоза ва ҷилои нав касб мекунанд.
 
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ноябрь 8, 2013 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш