Хатлон дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуд
Душанбе, 26 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).- Соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 191330 гектар кишти пахта гузаронида шуд. Дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта имсол дар ҷумҳурӣ 406 ҳазору 498 тоннаро ташкил медиҳад.Ба иттилои Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ то санаи 25-уми ноябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ ба миқдори 391 ҳазору 474 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 96,3 фоизи дурнамо мебошад. Зиёда аз 8280 нафар чинакчиён дар пахтазори ҷумҳурӣ машғули ҷамъоварии ҳосили пахта мебошанд. Кишоварзони вилояти Хатлон дурнамои истеҳсоли пахтаро пурра иҷро намуданд. Онҳо соли ҷорӣ дар майдони 128123 гектар кишти пахта гузарониданд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 270 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар вилояти Суғд дар майдони 57420 гектар кишти пахта гузаронида шудааст. Дурнамои истеҳсоли пахта дар вилоят 112 ҳазору 563 тонна буда, то ин муддат зиёда аз 107 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 95,1 фоизи дурнамо мебошад. Дар вилоят аввалин шуда кишоварзони ноҳияҳои Спитамен, Ашт ва Мастҷоҳ иҷрои дурнаморо пурра таъмин намуданд Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то санаи 25.11.13 ба миқдори 11,4 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки баробари 47,7 фоизи дурнамо мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






