Хизматрасонии иҷтимоӣ беҳбуд меёбад

Ноябрь 20, 2013 13:58

Кӯлоб, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов). — Бо мақсади  фаъолияти якҷоя ва босамари ҳамаи бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази шаҳри Кӯлоб бинои чорошёна  барои  бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки он бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Кунун имкон фароҳам омад, ки ҳамаи   хадамоти хизматрасонии давлатӣ ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирону маъюбон дар як ҷо бо механизми «Равзанаи ягона» фаъолият кунанд. Чунин тарзи кор ҳам ба ходимони ин идораҳо ва ҳам ба ниёзмандон қулай аст. 
Бино аз 80 утоқи корӣ иборат буда, дар он барои беш аз 100 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст ва кормандони соҳа имкон пайдо намуданд, ки хизматрасониро ба ин табақаи аҳолӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монанд.  Дар ин бино ҳамчунин филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир шудааст, ки дар як вақт то 100 нафарро бо ҳунаромӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро мегирад. 

Ноябрь 20, 2013 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд