Иҷлосияи 37 – уми Конфронси генералии ЮНЕСКО
Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш дар қароргоҳи ЮНЕСКО воқеъ дар шаҳри Париж иҷлосияи 37 – уми Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи масоили маориф ва илму фарҳанг оғоз ёфт. Дар кори иҷлосия, ки то 20 ноябр давом мекунад, ҳайати расмии Чумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Сарвазири кишвар Руқия Қурбонова ширкат дорад. Ба ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин раиси Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба умури ЮНЕСКО, Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ, намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО, сафир Рустамҷон Солиев ва муншии масъули Комиссияи миллӣ оид ба умури ЮНЕСКО Шаҳло Абдураҳимова шомиланд.Дар ҷараёни иҷлосия иштирокдорони он ҷиҳатҳои муҳими фаъолияти Созмон дар бахши илм, маориф, фарҳанг, коммуникатсия ва иттилоотро баррасӣ намуда, масъалаҳои сиёсати умумиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд, лоиҳаи барнома ва буҷети ЮНЕСКО барои солҳои 2014 – 2017 – ро тасдиқ мекунанд. Ғайр аз ин интихоботи мақомоти дахлдори ЮНЕСКО аз қабили Шӯрои иҷроия, Кумитаи мероси умумиҷаҳонӣ, Шӯрои байниҳукуматӣ ва ғайра сурат мегирад. Дар иҷлосия баробари масоили сиёсати умумӣ масъалаҳои ба рӯйхати санаҳои хотиравӣ ворид намудани таҷлили 3000 – солагии Ҳисор, 700 – солагии Мирсаид Алии Ҳамадонии ва 600 – солагии Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бояд дар солҳои 2014 – 2015 бо иштироки ЮНЕСКО қайд карда шаванд, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Дар ҳошияи иҷлосияи Конфронси генералӣ суханронии роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Сарвазири кишвар Руқия Қурбонова дар назар аст. Ҳамчунин мулоқоти дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо Директори генералии ЮНЕСКО Ирина Бокова сурат мегирад.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






