Идомаи вуруди номаҳои шодбошӣ ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон
Шоҳи Испаниё Хуан Карлос ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Ҷаноби Президент!
Ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба мансаби олитарини давлатии кишваратон мехоҳам аз номи худ ва аз номи Ҳукумат ва халқи Испаниё таҳнияти самимонаамро ба Шумо ирсол дорам.
Мутмаинам, ки дар давраи кафолататон кишварҳои мо риштаҳоеро, ки онҳоро муттаҳид месозанд, таҳким бахшида, муносибатҳои дуҷонибаро беҳ месозанд, ки ин, бидуни шубҳа, боиси сулҳи дилхоҳ ва беҳбудию шукуфоии халқи дўсти Тоҷикистон мегардад.
Шуморо, ҷаноби Президент, бори дигар табрик гуфта, бароятон муваффақиятҳо орзу менамоям ва аз фурсат истифода намуда, иззату эҳтироми бепоёни шахсиамро ба шумо иброз медорам”.
Дар барқияи шодбошии Президенти Шўрои Давлатӣ ва Шўрои Вазирони Куба Раул Кастро Рус омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои дўстонаи миёни кишварҳоямон баён медорам.
Бо истифода аз фурсат эҳтироми амиқи маро қабул фармоед”.
Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷопон Синдзо Абе омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаи маро қабул фармоед.
Эҳтиромоти худро ба Шумо барои он иброз медорам, ки бо роҳбарии қавии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани истиқлолият душвориҳои мухталифро бартараф намуд ва бо роҳи рушду тараққиёт пеш меравад.
Ҷопон аз давраи ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ ва иқтисоди бозаргонӣ дар кишвар ҳамкории доимиро рўи кор меорад.
Ман барои густариши мушорикати байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ ҳамаи саъю кўшишҳоро ба харҷ хоҳам дод. Дар баробари ин, дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Президент мехостам, ки ба суботу шукуфоии умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мусоидат намоям.
Ба Шумо ҷаноби Президент, тансиҳатию муваффақиятҳо ва ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон саодатмандиро таманно дорам”.
Дар барқияи табрикотии Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте омадааст:
“Ҷаноби Олӣ,
Иҷозат фармоед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям.
Итминон дорам, ки таҳти раҳбарии Шумо рушди муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоямон ба хотири нафъу саодати мардумонамон идома меёбад.
Ба Шумо дар иҷрои ҳадафу вазифаҳои муҳими дарпешистода комёбиҳо таманно дорам”.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






