Ифтитоҳи боғча ва гимназия дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Ҳамадонӣ, 28 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Холов).- Дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия дар маркази ноҳия боғчаи нави кӯдакона мавриди истифода қарор гирифт. Боғча аз ду ошиёна иборат буда, барои тарбияи кӯдакон тамоми шароитҳо муҳаё карда шудааст. Мақомоти маҳаллӣ ва шуъбаи маорифи ноҳия мақсад доранд, ки дар оянда барои қабули бештари кӯдакон шароит фароҳам оранд. Дар ҳамин рӯз аз ҷониби ҳокимияти давлатии ноҳия бинои гимназияи давлатӣ низ баъди таъмири асосӣ мавриди истифода карор дода шуд. Бино аз 9 синфхона иборат буда, имкони дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 240 хонандаро дорад. Дар гимназияи давлатӣ беҳтарин омӯзгорон ба кор кабул карда шудаанд.








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






