Имкониятҳои содиротии корхонаҳои Тоҷикистон

Ноябрь 4, 2013 16:22

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).-  Дар  мизи  мудаввар, ки   чанде  пеш  бо  иштироки  ташкилотҳои  бахши  соҳибкорӣ   ва  пешниҳоди  амволи  маҳаллӣ ба  бозорҳои  хориҷӣ дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  гардид,  мавзӯи  вусъат  бахшидани  нерӯи   содиротии   корхонаҳои  Тоҷикистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
 
Назар  ба  хабари  намояндагии  Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа, масоили  рушди  содирот дар  Тоҷикистон  ва  дастрасӣ ба кушодани  бозорҳои  нав  мувофиқи   қоидаҳои  Созмони  умумиҷаҳонии  савдо  муҳокима  шуданд. 
 
Намояндагии  Бонки  аврупоии бозсозӣ ва  тавсеа ҳамчунин   қайд  менамояд, ки   мувофиқи   ҳисоботи Бонки  умумиҷаҳонии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз  нигоҳи  185  мақоми  содироту воридот  ҷойи  184 – умро ишғол  менамояд. Тоҷикистон  асосан нерӯи  барқ,  пахта ва маснуоти он,  сабзавот ва  меваро  ба  хориҷа  мебарорад. Сӯзишворӣ  ва  амволи   саноати  сабук  асосан  аз  кишварҳои   хориҷи  наздик  аз  қабили  Русия,  Украина,  Қазоқистон, Қирғизистон  ва  Чин ба  Тоҷикистон  ворид  мешаванд.

Ноябрь 4, 2013 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш