Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 27, 2013 10:17

Душанбе, 27 ноября (АМИТ «Ховар»).- Ба тавофуқ расидани Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурўҳи давлатҳои «5+1» дар масоили барномаи ҳастаии ин кишвар хушҳолкунанда аст. Аз як ҷониб эътироф намудани ҳаққи мусаллами Эрон ба татбиқи барномаи мусолиматомези ҳастаӣ ва аз ҷониби дигар лағв намудани бархе аз таҳримҳои нисбати ин кишвар татбиқшуда омилҳои мусбати ин тавофуқ ба назар мерасанд. Тоҷикистон ин иқдомоти аввалинро бо қаноатмандӣ истиқбол намуда, умедвор аст, ки марҳилаҳои минбаъдаи гуфтушунидҳо ба ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия мусоидат намуда, барои тақвияти сулҳу субот дар ин минтақаи ҳассос заминаи хубе хоҳанд шуд.

Ноябрь 27, 2013 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш