Китоби тозанашри Гул Шералӣ
Душанбе, 23 ноябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- «Энергетика ва саноати Тоҷикистон: марҳилаҳои нави рушд»- таҳти чунин ном китоби собиқ вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ба нашр расид.Мундариҷаи китоби тозанашр ба масоили рушди соҳаҳои энергетика ва саноати Тоҷикистон, зинаҳои болоравии он, дастовардҳои тўли солҳои истиқлолияти кишвар бахшида шуда, саҳми соҳаҳои мазкурро дар рушди маҷмӯи иқтисодиёти мамлакат инъикос менамояд. Китоби мазкур аз таҷлили васеи комплекси сўзишворию энергетикӣ, бахусус, соҳаҳои гидроэнергетика, энергияи дар иншоотҳои барқу гармидиҳӣ ва манбаъҳои барқароршаванда тавлидшаванда, соҳаҳои истихроҷ ва коркарди ангишт ва нафту газ, муайян намудани мақсаду вазифаҳо ва роҳу воситаҳои ноилшавӣ ба он иборат мебошад.Китоби «Энергетика ва саноати Тоҷикистон: марҳилаҳои нави рушд»дар асоси истифодаи самараноки захираҳои инсонӣ ва табиӣ ҳамчун заминаҳои асосии рушди иқтисодиёт тағйироти сифатан ва шаклан куллии соҳаҳои энергетика ва саноати ҷумҳуриро пешниҳод намуда, дар расидан ба ҳадафҳои асосии «Стратегияи рушди миллии Тоҷикистон» саҳмгузор хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






