Конфронс дар мавриди таҳсилоти фарогир дар Душанбе

Ноябрь 11, 2013 15:58

  Душанбе, 11 ноябр. (АМИТ «Ховар», С. Солеҳ). —  21-уми ноябри соли 2013 бо дастгирии шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, инчунин Вазорати маориф ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Конфронси дуюми байналмилалӣ бахшида ба масъалаҳои рушди таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
  Мақсади асосии конфронс аз омӯхтани масъалаҳои таҳсилоти фарогир, табодули таҷриба ва ҳамкориҳо, баррасии асосҳои сиёсати маориф ҷиҳати пешниҳоди имкониятҳои баробар барои ба даст овардани таҳсилоти босифат ва инкишофи иқтидор барои ҳамаи кӯдакон дар сатҳи байналмилалӣ иборат аст, -гуфт  Ҷовиди Муқим, корманди масъули Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад дар Точикистон. 

Ноябрь 11, 2013 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш