Конфронс дар мавзӯи тағйири иқлим
Душанбе, 20 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Варшава Конфронси 19 – уми Ҷонибҳои Муоҳадаи СММ дар мавриди тағйири иқлим ва Машварати 9 – уми Ҷонибҳои Муоҳадаи Киото, ҳамчунин иҷлосияҳои навбатии мақомоти ёрирасони СММ идома доранд.
Назар ба хабари Муассисаи давлатии ҳавосанҷии ҶТ, дар кори конфронс ҳайати Тоҷикуистон иборат аз намояндагони Муассисаи давлатии ҳавосанҷӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ, ҳамчунин коршиносони Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба масъалаи тағйири иқлим ширкат доранд.
Вазифаи асосии конфронс иборат аз муайян намудани меъёрҳои мушаххаси созишномаи нави ҷаҳонӣ оид ба иқлим дар заминаи одилона бидуни истинои кишварҳои ҷаҳон ва ташаккули харитаи роҳ барои таҳияи ин созишнома мебошад. Мувофиқи қарорҳои қаблан қабулшуда, созишномаи ҷаҳонӣ бояд на дертар аз соли 2015 таҳия гардида ва соли 2020 ба мавқеи иҷро расад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






