Ман гиряи президентро дидаам

Ноябрь 4, 2013 11:58

Номаи саркушода ба Додоҷони Атовулло  Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — «Ман Тоҷикистонро «Абсурдистон» номидаам»,—мегўед шумо, Додоҷони Атовулло, зимни мусоҳибае бо яке аз телевизионҳои Русия ва чеҳраатон мешукуфад аз ин бозёфти «шоирона». Барандагони телевизион лаҳзае лол мемонанд—яъне кас чӣ гуна метавонад дар ҳаққи ватанаш, зодбумаш, гаҳворааш чунин таҳқиреро раво бинад…Саропойи маро арақи сард пахш мекунад…Дигар наметавонам хомўш бошам…Тоҷикистон Абсурдистон нест, оғо! Тоҷикистон бо ҳама камию костиаш, бо ҳама бурду бохташ Ватан, гаҳвораи ҳашт миллион тоҷикистонӣ ва қиблаи умеди миллионҳо тоҷикони бурунмарзист. Он чи дар ин миён абсурд аст, он ҳама жожу можест, ки аз забони шумо мерезад.Ин ҳамон хати сурхе буд, ки шумо убур кардед, оғо. Хати сурхе, ки он сўяш сияҳ номист, он сўяш сияҳ рўзист, он сўяш бесўйист, бесўйӣ, бесўйӣ…Чанд ҳолате ҳаст, ки моро ба ҳам умумият медиҳад, Додоҷон. Аввалан, мову шумо хамдеҳа ҳастем, дувум ҳампеша ҳастем, савум— тақрибан ҳамсинну солем ва чаҳорум ин ки ҳарду солҳои тўлонӣ дар хориҷ аз Ватан зиндагӣ мекунем—шумо дар Маскаву Ҳамбург, ман дар шаҳри Копенгагени Дания. Чаро муҳим донистам инро таъкид кунам? Ба хотири ин ки вазъи руҳӣ ва равонии шуморо хуб дарк мекунам. Дурӣ аз Ватан —аз меодгоҳ, аз пайвандону азизон, маҳрумият аз обу ҳавои зодбум ба руҳу равони инсон бетаъсир нахохад буд. Агар бурузи шадиди эхсосоте мисли ғазаб, нафрат, бадгумонӣ ва бадандешӣ, бузургманишиҳои бепоя, «ман»—гуфтанҳо ва ба сина куфтанҳои баҳудаю беҳуда нишоне аз он ноустувории равонӣ набошанд, пас чистанд?Ман ба барномаҳои телевизионии шумо вақте таваҷҷуҳ кардам, ки дар Душанбе будам ва яке аз ҳамкасбон баъди аҳволпурсӣ суол кард: «дидӣ?». Гуфтам: «чиро?» Гуфт: » иғвоангезиҳои навбатии Додоҷонро». Баъд илова кард чизи наве нест, вале ба ҳар ҳол бубин. Баъд, вақте дидам, воқеан дар қиёс бо 20—22соли пеш ва баъди он ҳам, моҳиятан, чизи наве надидам. Ҳамон оҳанг, ҳамон ҳарфу ҳичо, ҳамон дашному ҳакорату таҳдид, ҳамон даъвату шиорҳо ва…истеъфо, истеъфо, истеъфо! Номҳо нав буданд фақат. Он замон Маҳкамов, Ҳаёев, Ҳувайдуллоев буданд, баъд ҷойи инҳоро Раҳмон Набиев, Кенҷаев, Дўстов гирифтанд. Ҳоло, ба гуфти худатон, » душмани рақами яки шумо Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукмати ў!» Вале он чи ки тамоми «эҷодиёти давраи истиқлол»-и шуморо ба ҳам пайванд медиҳад, метавон бо як калима ифода кард: ДУРЎҒ. Шумо он вакт ҳам дурўғ мегуфтед ва дурўғ менавиштед, имрўз ҳам дурўғ мегўед ва дурўғ менависед! Дар як ҳунар, воқеан, устод ҳастед, Додоҷон—шумо бо эҳсоси мардум хуб «бозӣ» карда метавонед. Калимаю иборотеро аз қабили озодӣ, демократия, дарди мардум, зулм, ғорат, ғуломӣ ва ғайра чунон «ҷома» мепўшонед, ки хонанда ё шунавандаи зуд бовар гумон мекунад, воқеан, Тоҷикистон Африқосту шумо Ниелсон Мандела, оғо! Вале шахси андаке аз вазъ огоҳу бохабар мефаҳмад, ки шумо дурўғ мегўед. Шумо дурўғ мегўед, Додоҷони Атовулло! Вақте исрор мекунед, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ пешрафт, ҳеҷ ободӣ, ҳеҷ созандагӣ, ҳеҷ ислоҳот нест! Шумо дурўғ мегўед, вақте гаштаю баргашта таъкид мекунед, ки мардум саросар бесавод, қашшоқ, гушна, бемор, ҷинояткор, ватанбезор ҳастанд! Шумо дурўғ мегўед, вақте аз барномае ба барномаи дигар «фақат» дар Тоҷикистон» фалон асту бисмадон аст, гуфта тамоми ранги сиёҳи оламро ба сари Тоҷикистон фурў мерезед! Вале «Владимир Путин» мегўед, аз забонатон шаҳду шакар мерезад, гўё ҳамин навакак ҳамроҳаш қаҳва нўшидаед. Гўё намедонед, ки Русия дар сархати кишварҳои поймолкунандаи ҳуқуқи инсон қарор дорад, аз ҷумла поймолкунандаи ашадии ҳуқуқҳои ҳамватанони ману шумо. Номи Олмону Йошка Фишерро ба забон меоред, чеҳраатон мешукуфад. Гўё намедонед, ки қариб ҳамаи роҳбарони сатҳи аввали Олмон, аз Хелмут Кол гирифта то вазири кобинаи Меркел (барои дипломи калбакӣ ва асардуздӣ) ва охирин Раиси чумхури кишвар Кристиан Вулф, ки соле пеш бо шармандагӣ вазифаро тарк кард, хамагӣ то гулў дар фасод ғутида ва парвандаҳои ҷиноӣ дар гарданашон овезон буд. Ё гўё намедонед, ки дар Амрико —ин «ливобардор»- и дурўғини демократия чиҳо мегузарад. Магар ҳамин Амрико нест, ки бо баҳонаи тавсиаи демократия тамоми билоди мусалмоннишинро ба хуну хокистар нишондааст! Ҳамин Амрикои фасодзада нест, ки дунёро ба буҳрони фарогири молию иктисодӣ гирифтор кард. Магар Гуантанамо—ин фоҳиштарин намунаи накзи хукуки инсон «зода»-и демократияи амрикоӣ нест!? Вале, шумо инҳоро намебинед, инҳоро дидан ба дарди шумо намехуранд, ба » аҳдофи сиёсӣ»-и шумо мувофик нестанд. Шумо бояд «фақат дар Тоҷикистон!» гуфта тамоми ранги сиёҳи дар ихтиёратон бударо ба сари Тоҷикистон фурў резед. Ба хотири чӣ? Шур андохтани мардум, тухми низоу нафрату бадбинӣ коштан, Тоҷикистонро ба чашми ҷаҳониён сиёҳу торику ҷиноятзадаву фурумонда ҷилва додан!? Азизам, инсоф, дар асл ин хел нест, охир! Як назари одӣ, як қадам задан дар ҷодаҳо, як сафар ба гушаҳои мухталифи кишвар, як суҳбати сарироҳӣ бо одамон кофист дарёбӣ, ки Тоҷикистон рў ба ободист, рў ба бунёдкорист, рў ба истехкоми истиқлолияти худ аст. Рў ба пас, рў ба асри XVI, рў ба «ҳокимияти риш» не, чуноне баъзе ҷанобон орзу мекунанд! Аз барномаҳоятон хулосае бар меояд, ки шумо Тоҷикистонро аз рўйи гуфтору навиштори баъзе рўзноманигорону сиёсатмадорони хориҷӣ, махсусан рус, ки бисёр муғризона аст ё гуфтори онҳое, ки сохт ва мавқеи имрўзаи Тоҷикистонро намеписанданд ё онҳое, ки ҷабрдида ҳастанду дар сар орзуҳои «ончунонӣ» мепарваранд, мешиносед. Шумо ва онҳое, ки ба мавзўъ чунин бархурд мекунанд, ҳадафҳои муғризона доранд, мехоҳанд аз ин тарикӣ бисёр сода ва примитив мардумро гул бизананд ва холҳои арзони сиёсӣ ба даст оранд. Бисёр одилона мебуд, агар шумо Тоҷикистонро бо кишварҳое қиёс мекардед, ки шароитҳои ҳамгун ва ҳамсони таърихӣ, иктисодию ичтимоӣ ва геополитикӣ доранд, аз қабили ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва гирду бари он ва кишварҳои шўравии собиқ. Дар он сурат шумо медидед, ки Тоҷикистон бо вуҷуди пайомадҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, муҳосираи шадиди иктисодӣ аз ҷониби Узбакистон боз ҳам аз лиҳози дастрасӣ ба имконоти иқтисоди бозаргонӣ, дастраси ба иттилоъот, фаъолияти ҳизбҳо ва созмонҳои ҷамъиятию сиёсӣ, озодии сухан ва дар маҷмуъ, рушди ҷомеаи шаҳрванди фазои нармтар ва густурдатаре дорад. Вале чунин муқоиса ва чунин иқрор ба дарди шумо намехурад, ба аҳдофи сиёсии шумо созгор нест, шумо ҳатман бояд аз Амрикою Аврупо дам бизанед… Дар мавриди баҳо додан ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ низ бояд чунин бархурди холисона ва воқеъбинона сурат бигирад. Чандин нафар аз бародарон ва азизони ман ҳам муҳоҷир ҳастанд ва ин дардро бо тамоми вуҷудам эҳсос мекунам. Вале шумо ва онҳое, ки ин равандро ҳамчун як фоҷеаи миллӣ ва даҳшату фалокат тасвир мекунеду Раиси Ҷумҳур ва ҳукуматро муқассири он медонед, воқеиятро огоҳона таҳриф мекунед. Албатта, вазифаи ҷонии давлату ҳукумат аст, ки шаҳрвандонашро дар худи кишвар бо кор таъмин кунад, кафили амният, маишат ва дахлнопазирии шаъну эътибори онҳо дар ҳар гушаи дунё бошад. Вале воқеият ин аст, ки муҳоҷирати мехнатӣ ё ба истилоҳи иктисоддонҳо, гардиши озоди нерўи кор, як чузъи ногузири бозори озоди иктисодӣ ё баҳамгароии умумидунявӣ (глобализация) аст, ки ҷанбаҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Агар мо бозори озодро мепазирем, агар мо гардиши озоди молу колоро мепазирем ва дар маҷмуъ агар мо мехоҳем як ҷузъи фаъоли дунёи муосир бошем, пас ногузир бояд муҳочиратро низ бо ҳама неку бадаш пазиро бошем. Воқеан, роҷеъ ба мухолифини давлати Тоҷикистон, ки қисмати бештари барномаҳои шуморо ташкил медиҳад. Медонед, дуруст аст, ки мегўянд, вақт ҳама хиштҳоро дар бинои таърих худаш ҷо ба ҷо мегузорад. Ин «хишт»-ҳо ҳамон гуфторҳо, навиштаҳо, хотираҳо, мусоҳибаҳои онҳоеанд, ки дар он ҳаводиси тақдирсоз ва таърихсоз нақши фаъол доштанд. Ёдам меояд, як мусоҳибаи радиои «Озодӣ» бо раҳматии Саид Абдуллои Нурӣ. Эшон зимни посух ба ин суол, ки шадидтарин фишоре, ки дар зиндагӣ эҳсос кардед, чӣ буд, иброз доштанд, фишоре, ки ҳангоми тақсими курсиҳо дар 30-дарсади ҳукумат ба сарам омада буд. Яъне, фишори низоми шўравӣ не, фишорҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ не, фишори тақсими вазифаю мансаб! Пас, он ҳама иддаои ин ҷанобон, ки не мухолифин ҳеҷ гоҳ дар фикри мансаб набуду нест, мо ҳама сарсупурда, мо ҳама беғараз ва ғайра ҳеҷ арзише надоранд! Мисоли дигар: як мусоҳибаи пиратон эшони Тураҷонзодаро дар барномаи «Ба иборати дигар» —и ВВС ҳатман дидаед: вақте суҳбат роҷеъ ба раванди оштии миллӣ мерафт, эшон тазаккур доданд, ки дар асл фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд ва Раиси ҷумҳури вақти Афғонистон Бурҳониддини Раббонӣ буданд, ки барои ошти кардани мо (яъне мухолифин) бо ҳукумат пофишорӣ мекарданд. Яъне, агар дар ихтиёри ин ҷанобон мебуд, ҷанги хонабарандози шаҳрвандӣ мебоист дар Тоҷикистон ҳанўз идома меёфт, то замоне, ки орзуҳои дурпарвози эшон «баровардаи хайр» гардад. Пас, он иддаое ки «мо ташаббускори оштии миллӣ будем, мо ба хотири сулҳу оромӣ азхудгузарӣ кардем» ҳеҷ пояе надорад. Ман дар он марҳалаи ҳассос ба ҳайси ёвар дар паҳлўи Раиси Ҷумҳур будам ва шоҳид ҳастам, ки чӣ гуна ин мард аз худ шуҷоат, шаҳомат, ҷасорат ва азхудгузарӣ нишон медод. Шумо рақсу шодии якрўзаи ўро дар шаби арусии фарзандаш мавриди истеҳзою тамасхўр карор додед, вале ман гиряҳои пинҳонии ин мардро низ дар утоқи кориаш дидаам. Замоне, ки Тоҷикистон дар қабзаи маргбори террору куштор ҷон меканду беҳтарин фарзандонаш ҳадафи теғу тир қарор мегирифтанд, ў месухт, хун мегирист. Ҳамин сухтанҳо, ҳамин эҳсоси масъулияти бузург дар баробари сарнавишти миллату кишвараш буд, ки ҳарфи сулҳ, оштӣ ва ваҳдати саросари дар забонаш ба пешвози мухолифин рафт, онҳоро дар Афғонистон, дар Эрон, дар Русия сари мизи музокирот кашонид ва билохира оштии пойдор ва саросариро таъмин кард.Шумо истироҳати якрўзаи Раиси Ҷумҳурро дар хурсандии фарзандаш бо айбмониҳои содалавҳона ва кучабозорие мисли «танцор»-у «раққоса» ба тамасхўр кашидед, вале ман дар тули сеюним соли ҳамкори надидаам, ки рўзе истироҳат карда бошад ё ба кор набаромада бошад. Ҳамарўза, рўзҳои истироҳат ҳам, аз соати 7 субҳ то бевақтии шаб, баъзан то субҳи дигар кор мекард. Ва ҳамон тавре ки Мушовири давлатии Раиси Ҷумҳур Саидмурод Фаттоев мегўяд, ин реҷаи кори ў бо гузашти ин ҳама сол ҳеҷ тағйир нахурдааст.Баргардем ба мавзўи мухолифин. Шумо гаштаю баргашта исрор мекунед, ки Раиси Ҷумҳур ва Ҳукумати Тоҷикистон ба гурўҳи мухолиф фишор меоранд, роҳ намедиҳанд ва ғайра. Охир, азизам, агар мухолифини Тоҷикистон ҳамон гуна ки маъракаи интихобот нишон дод, чунин нотавон, камзарф, бесалоҳият ва гирифтори ҳадафҳои ночизу худхоҳона бошанд, магар гуноҳи Ҳукумат аст!? Дар ҳама кишварҳои мардумсолор ҳукуматҳо талош меварзанд, ки қудратро ҳифз кунанд, мухолифон мекушанд, ки ба он даст ёбанд. Бо талошу пайкор дар миёни мардум, коркард ва пешниҳоди барномаҳои созанда, тархҳои ҷадид, ислоҳот дар соҳоти мухталифи ҳаёти ҷомеа ва ғайра. Ку он барномаҳо, куҷостанд он пешниҳодоти созанда? Оре, мушкилоти ҷиддие домангири Тоҷикистон аст имрўз. Камбуди ҷойи кор, норасоии барқу гармӣ, нокифоягии маошу нафақа, гаронии нархҳо, иштибоҳот дар интихоби кадрҳо, фасод дар зинаҳои мухталифи идорӣ ва ғайра. Ин мушкилотро Раиси Ҷумҳур ва хукумат низ эътироф мекунанд ва барномаҳое дар робита ба ислоҳи онҳо рўйи даст доранд. Вале ку он гурўҳи мухолифе, ки бо ҳукумат ба сабқат даровезад ва ба мардум аз ҳастии худ башорат диҳад ки «мо ҳастем ва метавонем!» Ин ки шумо аз Олмон ё Маскав ё Тифлис истода «мо дигар як рўз ҳам сабр карда наметавонем», «истеъфо ё марг!» «аз хоби гарон хез!» гўён сало мезанед, ҳосилаш ба ҷуз ҳамон кафк дигар чизе нест, азизам. «Истеъфо!»-мегўед, киро дар садри раёсати кишвар дидан мехохед? Мистер Абдуллоҷоновро? Ҳамонеро ки мардум «наҳанг»-аш ном гузоштаанд ва ин «наҳанг» қариб буд нисфи Тоҷикистонро ба комаш фурў кашад ва нимаи дигарашро бо ҳамсояҳо «шарикошӣ» кунад!? Ё шояд дўстатон суфи Умаралиро бо ифтихор, ба гуфти худатон «Мой Президент!» гуфтан мехостед? Эмомалӣ Раҳмон, ку дар чашни арусии фарзандаш рақсида буд, ки табии ва фаҳмиданист, вале шумо сабти рақси ин «мурид»-ро дар пеши пойи «пирони тариқат»-аш (хонда шавад—толибон) ҳатман дидаед: чӣ маҷнунвор мерақсид ва дастони касифу хунолуди ин жулидаришонро мебусиду ба чашмонаш мемолид! Ё онҳоеро дар зимоми давлат дидан мехостед, ки якешон ба суоли муҳочирбачаи содае, ки мепурсид «манзалати риш дар ислом чист?» каромот карданд ва фармуданд: ислом мегўяд ҳар ки риш надорад, сараш бурида беҳ! Шумо дар барномаҳоятон хитоб мекунед: » ғорат мекунанд, ин даҳшат аст!», «дар мактабҳо муллим нест, ин даҳшат аст!», барқ нест, ин даҳшат аст!» Не, оғо, инҳо даҳшат нестанд, ислоҳ шуданианд! Даҳшати воқеӣ, азизам, инҷост, ки ашхосе ҳамчунони даъвои пешвои ва зимомдории як миллат, як кишварро мекунанд! Муҳтарам Додоҷон, хамчуноне гуфтам, ин тобистон дар Тоҷикистон будам, тақрибан ҳама манотиқи кишварро тай задам, ба ҷуз Бадахшон. Он иддаоҳои хандаовари шумо, ки масалан мегўед » ман ҳоло тасаввур мекунам, ки шумо бо фарзандонатон дар гирди дастархон нишаста, аз телевизиони «К+» маро тамошо доред…» ва аз ин қабил, ба ҷуз хаёлпардозиҳои бузургманишонаи шумо чизе нестанд.Медонед, мардум ин телевизионро «Каҳ+» ном гузоштаанд, яъне ҳар чи ин ҷо пахш мешавад, арзиши коҳро дорад, ин барномаҳоро касе ҷиддӣ намегирад ва касе дар бораашон ҷиддӣ ҳарф намезанад. Медонед, барои чӣ? Барои он ки мардум бедор ва ҳушёр ҳастанд. Ҳоҷат ба «Аз хоби гарон хез!»-гуфтани шумо нест, оғо! Мардум бедор ҳастанд ва некро аз бад, рушноиро аз торикӣ, сиёҳро аз сафед фарк карда метавонанд. Ҳатто дар ҳамон деҳаи дурдасти ману шумо ҳам вазъи олами имрўзро, сиёсатҳои Тоҷикистону дунёро ба хуби таҳлил карда метавонанд. Аз «осмони ҳафтум» гап намезанад, воқеӣ, заминӣ, одӣ, вале пухта таҳлил мекунанд. Барои мисол, дар ҳама ҷо шунидам, ки мардум хамон қонунҳоеро, ки шумо мавриди танқиду тамасхур қарор додаед—қонунҳо дар бораи танзими маросимҳо, масъулияти волидайн, бозхонди ҷавонон аз мадориси динии кишварҳои хориҷӣ ва ғайраро хуб пазируфтаанд ва ба манфиати пешрафти ҷомеа медонанд. Намедонам, оғо, шумо он барномаҳою суҳбатҳои телевизиониатонро худ тамошо мекунед, ё ҳамту ба бодашон месупоред, «то барад бодаш ба саҳроҳо бихонад» (аз Бозор Собир). Ба ин маъни мепурсам, ки шумо аксар маврид он чунон ба эйфорияи худситоию худнамоӣ дода мешавед, он чунон ба «ман»- худ фурў меравед, ончунон мафтуни «корномаҳои» Додоҷони Атовулло мегардед, ки пойҳоятон аз замин канда мешаванд, воқеиятро фаромўш мекунед. Шумо дар яке аз барномаҳоятон ба Раиси Ҷумҳур муроҷиат намуда, ба гуфти худ, як сирри ҷиддеро ошкор мекунед. Шумо мегўед: харакати мардумии «Ватандор» имрўз тамоми элитаи сиёсии Тоҷикистонро гирди худ чамъ овардааст. Чӣ каромот, чӣ сирре, чӣ сурпрайзе, оғо! Вале беҳтар буд сарпуши ин кузаи пурбодро набардошта будед, ҳамту сарбамуҳр боқи мемонд. Ҳоло ман як «сирри» ба воқеият наздиктарро, ки аз манбае боэътимод расида дар гушатон гўям: ин чунбиши «мардуми»-и Ватандор», оре, якчанд аъзо дорад: раисе дорад, бо номи Додоҷони Атовулло, хазинадоре дорад…бо ҳамон ном, «ҳуқуқшиноси варзида»- е дорад… бо ҳамон ном, «элитаи сиёсӣ»-е дорад…бо ҳамон ном. Дигар ҳама бод, дигар ҳама жож, дигар ҳама блеф, дигар ҳама ҳеч, оғо! Ва агар чунин ҳаст, ман итминон дорам, ки чунин ҳаст, пас чаро шумо ба худ ин иҷозатро медиҳед, ки аз номи мардум сухан гўед, аз номи мардум истеъфо талаб кунед, аз номи мардум, намедонам, кафолат диҳед, аз номи мардум «мо дигар сабр надорем» гўед. Агар шумо сабр надоред, азизам, пас ин мушкили шумо ва танҳо шумост. Барои мардуми Тоҷикистон, чуноне назарсанҷиҳо гувоҳи медиҳанд, аз сулҳ, субот, оромӣ ва якпорчагии кишвар дида волотар чизе нест! Дигар ҳама мушкилот ҳал шуданӣ, ислоҳ шуданиянд!Ҳамватанони азизи ман, холо шумо дар пешорўи интихоб қарор доред— интихоби Раиси Ҷумҳур—пешво ва роҳбари миллат ва кишвари маҳбубамон. Ба ҳарфи ину он «сарсупурдагон»-ў » сарбадорон», ки аз фарсахҳо истода «мо дигар сабр надорем», » бедор шавед!», «аз хоби гарон хезед!» гўён сало дармедиҳанд, аҳмият надиҳед. Онҳое, ки гумон доранд шумо хобед, худашон хобанд, худашон дар ғафлатанд, худашон бехабаранд. Шумо бедор ва ҳушёред, шумо дидаед ва санҷидаед, шумо худ доноед ва тавоноед!…Гушае хилват биравед, биандешед…ва интихоб намоед. Мутмаъин бошед, интихоби шумо дуруст хохад буд! АЗИЗ САНГИНБознашр аз «Тоҷикистон»

Ноябрь 4, 2013 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд